Тавре номбурда изҳор дошт, соли 2017 барои донишкада дастовардҳои назарраси илмӣ ва эҷодӣ ба бор овард. Зеро аввалин маҷаллаи илмии донишгоҳ – «Фарҳанг ва санъат» ва аввалин шумораи рӯзномаи «Олами ҳунар» аз чоп баромаданд.

Илова бар ин, Фестивали байналмилалии «Садои дилрабои арғунун» бо иштироки арғунуннавозони маъруфи Россия, Олмон, Қазоқистон ва Қирғизистон, конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ ва эҷодӣ бахшида ба 80-солагии Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, Лауреати мукофоти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳошим Гадо баргузор гардиданд.

Раёсати донишкада бо мақсади самаранок ҷорӣ намудани низоми кредитии таълим соли хониши 2017-2018-ро «Соли татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим» эълон намуда, барномаи «Сибаллиус» (шакли электронии адворнависӣ (нота) ва «Алиф» (барои китобдорон)-ро дар синфхонаҳои компютерӣ насб намуд.

Вобаста ба хусусияти эҷодӣ доштани тахассусҳои донишкада, қабули санҷишу имтиҳонҳо дар кафедраҳо бо иштироки устодони кафедраҳои зиддахл амалӣ гардида, савияи дониш ва маҳорати донишҷӯён шаффоф баҳогузорӣ мешавад.

Бо мақсади беҳтар намудани раванди таълим ва дарёфти истеъдодҳои нодир бо қарори Шӯрои олимон ду кафедраи нав – фортепиано ва гузориши овоз, бойгонишиносӣ ва технологияи иттилоотӣ таъсис дода шуд.

Рӯйдоди дигари фараҳбахш дар соли 2017 узвияти донишкада ба Ассотсиатсияи донишкадаҳои кишварҳои АвроОсиё мебошад.

Инчунин, донишкада соли 2017 дар Фестивал – озмуни ҷумҳуриявӣ «Барои дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод ва эҷодкор» соҳиби «Ситораи тиллоӣ» шуд. Ҳамчунин, донишҷӯёни донишкада дар озмуни телевизиони «Маҳфили зарифон» байни 39 макотиби олии кишвар мақоми аввалро ишғол карданд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»

Чоп кунед