Бо ҳамин унвон дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг  ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” 19-уми апрели соли равон Конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати профессорону устодон  ва донишҷӯён бахшида ба ҷашнҳои “30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”,  “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)” ва “110 – солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода” бо ширкати муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода ва директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ — таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Раҳимӣ баргузор гардид.

 Конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявиро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оѓоз бахшида, мавзӯи “Рушди фарҳанг ва санъати тоҷик дар замони истиқлолият”- ро матраҳ намуд. Мавсуф зикр кард, ки сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, пеш аз ҳама, ба ҳимояи арзишҳои миллӣ, эҳёи суннатҳои гузаштагон, дарёфти умумият байни арзишҳои милливу умумибашарӣ, фароҳам овардани имконият барои омӯзиш ва тарғиби васеи онҳо, инчунин ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани дастовардҳои фарҳангие равона  шудааст, ки тавассути онҳо моро дар ҷаҳон ҳамчун миллати тамаддунофар  мешиносанд ва эътироф  мекунанд.

Гуфта шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ барои гиромидошти фарзандони фарзонаи миллат як қатор ҷашнҳо ва чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, аз қабили 1400 — солагии муғаннӣ ва оҳангсози беназир Борбади Марвазӣ, 1150 — солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 675 — солагии Камоли Хуҷандӣ, 1310 -солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, 600 — солагии Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ, 1025 — солагии Абуалӣ ибни Сино, 140 — солагии Садриддин Айнӣ, 90 ва 100 — солагии Мирзо Турсунзода доир гардиданд. Таҷлили гиромидошти бузургони миллат ба хотири он буд, ки мо асли худро донем, аз таърихи миллатамон ва хизмати аҷдоди хеш дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ огаҳ бошем.

Ҳамзамон, дар доираи татбиқи сиёсати фарҳангии Сарвари давлат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни кишвар ҳазораи “Шоҳнома” — и Абулқосими Фирдавсӣ, 2500 — солагии шаҳри бостонии Истаравшан, 2700 — солагии шаҳри қадимаи Кӯлоб, 3000 — солагии Ҳисори Шодмон, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ ва забони тоҷикӣ, 1100 — солагии Давлати Сомониён, 2700 — солагии китоби муқаддаси «Авасто» ва 5500 — солагии Саразми бостон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардиданд, ки бешубҳа ғояи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии давлати навини Тоҷикистонро дар қалби пиру ҷавони мамлакат боз ҳам таҳким бахшиданд. Ин амр гувоҳи он аст, ки давлати ҷавони мо арзишҳои фарҳанги миллиро ҳамеша қадр мекунад ва ин равандро дар давлатсозиву давлатдории худ ҳамчун зербинои суннатҳои волои фарҳангсолорӣ истифода мебарад.

Ба таъкиди ректори донишкада, пас аз касби Истиқлолияти давлатӣ бо ҷаҳду талоши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нусхаи чанд ёдгории «Хазинаи Амударё» аз ҷониби Осорхонаи Британияи Кабир ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардид. Дар толорҳои осорхона бозёфтҳои нодири таърихи куҳани халқи тоҷик аз асри санг то давраи садри ислом ва аз асри даҳ то даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон гирд оварда шудаанд. Дар толори мудаввари ошёнаи аввал яке аз ёдгориҳои машҳуру камназири Тоҷикистон — муҷассамаи Буддо ба намоиш гузошта шудааст, ки аҳли илми ҷаҳон ба ин ёдгории таърихӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Сипас муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода мавзӯи “Самтҳои асосии фаъолияти Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар солҳои истиқлолият”- ро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, иброз дошт, ки театр дар даврони сҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳамаи самтҳои фаъолияташ рушд намуд. Ба саҳна гузоштани операҳои “Рустам ва Сӯҳроб” — и Талабхӯҷа Сатторов ва “Амир Исмоил”- и Толиб Шаҳидӣ дар ҳаёти мусиқӣ ва фаъолияти театри опера ва балет рӯйдоди муҳим мебошад.

Зикр гардид, ки соли 1998 дар пойтахти Туркия-шаҳри Анқара Фестивали байналмилалии хорҳои академӣ ва фолклорӣ баргузор гардид, ки дар он хори театри опера ва балет таҳти роҳбарии сархормейстри театр Холаҳмад Маҷидов дар байни 39 кишвари иштирокчӣ сазовори ҷойи дувум гардид.

Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ — таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Раҳимӣ дар бораи муҳиммияти баргузории чунин конфронсҳои илмию назариявӣ ибрози назар намуда, тазаккур дод, ки дар сиёсати давлатӣ соҳаҳои илму маориф аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок эълон гардидаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои мубрами соҳаи илм ва  роҳҳои ҳалли онҳо  таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид карданд, ки бо мақсади ислоҳи вазъ ва тақвият бахшидан ба неруи зеҳнии ҷомеа мо солҳои 2020 — 2040 — ро “Бистсолаи омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуда, инчунин, ҷиҳати амалисозии ин иқдом доир ба гузаронидани озмуни ҳарсолаи «Илм — фурӯғи маърифат» қарор қабул кардем.

Ҳадафи асосӣ аз иқдомоти зикршуда ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии ҷомеа, рушди тафаккури техникӣ, пайванди илм бо истеҳсолот ва хусусан, ҷалб намудани ҷавонон ба ихтироъкорӣ ва навоварӣ ба шумор меравад.

Дар доираи конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявӣ, пас аз анҷоми ҷаласаи ифтитоҳӣ, бахшида ба 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода барномаи консертӣ пекаши ҳозирин гардонда шуд. Устодону донишҷӯён шеърҳои “Бӯи гул”, “Таронаи рӯд”, “Оби Душанбе”, “Ситораи ман”, “Хонаи мо” ва “Дили модар”-и устод Мирзо Турсунзодаро сароида, табъи иштирокдорони конфронсро шод гардонданд.

Конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявӣ то 26 — уми апрел идома хоҳад ёфт.

Додоҷон РӮЗИЕВ