Дар конференсияи илмию назариявии кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ, ки 23-юми апрели соли ҷорӣ баргузор гардид, 9 маърӯзаи устодон ва 5 маърӯзаи донишҷӯён ироа гардида, мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтанд. Маърӯзаҳои матраҳшуда фарогири мавзӯъҳои гуногуни самтҳои системаи устод ва шогирд, балети тоҷик, барномаҳои мусиқии телевизиони Тоҷикистон, монодия ва ду равияи нави мусиқидонии муосири тоҷик буданд.

Дар атрофи маърӯзаҳои Пайрав Холов “Хусусиятҳои ташаккули фарҳанги касбии омӯзгори ояндаи мусиқӣ”, Каромаулло Раҳимзода “Системаи устод шогирд-асоси анъанаи иҷрокунандагии Ғурӯғлисароӣ”, Абдураҳим Дадоҷонов “Абдурраҳмони Ҷомӣ: Рисолаи мусиқӣ — проблемаҳои пайдоиши он” ва Далери Вализода “Рушди илм ва ҳунарҳои мусиқии тоҷик дар асри 15” музокираҳои судманд ва саволу ҷавоб сурат гирифт.

Шаҳноза РОЗИҚОВА,

 муаллимаи кафедраи

таърих ва назарияи мусиқӣ.