23 — юми апрели соли равон бахшида ба ҷашнҳои «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Бистсолаи омӯзиши ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» ва «110 — солагии Шоири халқии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода» дар кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ конференсияи илмӣ- назариявӣ баргузор гардид.

Дар конференсия, ки дар доираи “Ҳафтаи илм” баргузор гашт, як қатор мавзӯъҳои муҳимми соҳаи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ, аз ҷумла “Тарбияи ҳирфавии журналистони воситаҳои электронии ахбори омма дар замони ҷаҳонишавӣ”, “Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори дипломатияи тоҷик дар муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷомеаи ҷаҳонӣ”, “Саидризо Ализода – публитсисти маъруфи тоҷик”, Нақши журналист дар таҳияи ток-шоуи телевизионӣ”, “Барномаҳои мустақими телевизионӣ ва ҷолибсозии онҳо”, “Инъикоси дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар саҳифаҳои рӯзномаи “Халқ овози”  мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Абдунабӣ САБУРОВ,

мудири кафедраи журналистикаи

телевизион ва радиошунавонӣ