Имрӯз мувофиқи барномаи Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати профессорону устодон, кормандон, унвонҷӯён, докторантону магистрон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-соагии Ваҳдати миллӣ, ки дар доираи ҳафтаи илм ҷараён дорад, дар кафедраи забонҳои хориҷӣ конференсияи илмию назариявӣ бо иштироки намояндаи бахши илми донишкада Қудратов Сино баргузор гардид. Дар ибтидо мудири кафедра, н.и.ф., дотсент Назарова М. Р., бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, иширокчиёнро ба конфронс хайрамақдам гуфт. Мудири кафедра аввалан оид ба моҳият ва мафиатҳои ҳафтаи илм ва иштироки фаъолонаи устодону донишҷӯён дар кори конференсия маълумот дода, аз иштирокчиён барои иштироки фаъолашон изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар конференсия ҳайати устодони кафедра, унвонҷӯён ва донишҷӯён дар мавзуҳои гуногуни илмӣ вобаста ба забономӯзӣ, методикаи таълимии забонҳои хориҷӣ, типологияи муқоисавӣ ва соҳаи тарҷума маъруза карданд. Аз ҷумла мудири кафедра н.и.ф., Назарова М. Р. дар мазуи “Хусусиятҳои калимаҳои туфайлӣ ва роҳҳои ифодаи онҳо ба забони англисӣ”, н.и.ф., муаллими калон “Галимова М. Б. “Перевод как одна из форм литературных связей”, н.и.п., Самадова Г. Ю. дар мавзӯи “Роль мотивации в изучении иностранного языка”, муаллимаи кафедра Қаландарова Ш. дар мавзӯи “Ҷашну маросимҳои фарҳангии миллӣ ва ҷаҳонӣ” ва дигар устодони кафедра маърӯзаҳояшонро ироа намуданд.  Инчунин аз донишҷӯйён Юнусова Муқаддам донишҷӯи курси сеюми менеҷменти робитаҳои фарҳангии байналмиллалӣ дар мавзуи “ Хусусиятҳои ҷонишинҳои номуайянии ‘some” ва “any дар забони англисӣ,” “Творчество Сергей Есенина” донишҷӯйи курси 3-юм Рамазонова Сафармо, донишҷӯйёни курси 1-ум Азизшоева Р., Зарипова Холия ихтисоси рӯзноманигори телевизион ва дигарон баромад карданд, ки дар умум 16 маърузаи илмӣ шунида шуд. Дар конференсия саволу ҷавоб миёни устодону донишҷӯён ва иштирокчиён дар фазои озод ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт. Иштирокчиён низ доир ба рафти конференсия изҳори қаноатмандӣ намуда, пешниҳод карданд, ки дар оянда низ чунин чорабиниҳои илмӣ бо ҷалби ҳар чи бештари донишҷӯён баргузор карда шавад.

НАҶЕВУЛЛОЗОДА Ардашер