Имрӯз тибқи барномаи Конфренсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати профессорону устодон, кормандон, унвонҷуён, докторантону магистрон ва донишҷӯён бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-умин Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Ваҳдати миллӣ дар кафедраи технологияҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сайёҳӣ маҳфили илмӣ баргузор гардид.

    Кори конференсияро мудири кафедра Абдусаттор Раҳмонов ҳусни оғоз бахшида, ба устодону донишҷӯён дар кори маҳфил муваффақият таманно намуд. Ҳамчунин, мудири кафедра оид ба моҳият ва баргузории ҳафтаи илм дар донишкада, нақши он дар ҷалби омӯзгорон ва донишҷӯён ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ибрози назар намуд.

    Дар конференсия ҳайати устодон ва донишҷӯёни кафедра дар мавзуҳои марбут ба  соҳаи сайёҳӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ — фарҳангӣ  маърузаҳои илмӣ карданд. Аз ҷумла, мудири кафедра, н.и.п., и.в. дотсент   Абдусаттор  Раҳмонов дар мавзуи “Мукаммалгардонии фаъолияти муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ”,  д.и.п., профессор Латифзода Диловар дар мавзуи “Фалак ҳамчун хориқаи фарҳанги мардумӣ”, н.и.п., и.в. профессор Турсунова Муборак дар мавзуи “Тамоюли рушди соҳаи сайёҳӣ дар шароити маҳал”,  н.и.п., дотсент Ашуралиев Муродалӣ  дар мавзуи “Меҳмонхонаҳои хурд ва таъсири онҳо ба рушди соҳаи сайёҳӣ”, н.и.п., омӯзгори калони кафедра Назарова Зебонисо дар мавзуи “Нақши муассисаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ дар рушди фарҳанги маънавӣ”, н.и.п., дотсент Тайғуншоева Ҷаҳонгул дар мавзуи “Сайёҳӣ – омили муҳимтарини соҳаи иқтисодиёт дар замони муосир”, муаллими кафедра Камишева Алёна дар мавзуи “Развитие экологического туризма в Таджикистане: достоинство и недостатки”, муаллими кафедра Саъдуллоев Асадулло  дар мавзуи “Мероси фарҳангии тоҷикон дар риштаи сайёҳӣ”, муаллимаи кафедра Шарифзода Зарангис дар мавзуи “Ҳунарҳои анъанавии мардумӣ ҳамчун воситаи рушди ҷолибияти сайёҳӣ”, муаллими кафедра Одинаев Қосимҷон дар мавзуи  “Инфрасохтори сайёҳӣ ва нақши он дар фаъолият ва рушди ин соҳа” гузоришҳои ҷолиби илмӣ намуданд.

    Дар кори конференсия  донишҷӯён фаъолона ширкат варзиданд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси менеҷменти фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ Тахминаи Раҷабалӣ дар мавзуи “Нақши бозиҳои миллӣ дар ташкили фароғат”, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси саёҳат ва меҳмондорӣ Қалавурова Манижа дар мавзуи “Шаҳри Душанбе – маркази сайёҳии кишвар”, донишҷуи курси 2-юми ихтисоси саёҳат ва меҳмондорӣ Исмоилова Сабзина дар мавзуи  “Намудҳои асосии саёҳӣ ва рушди онҳо дар шароити Тоҷикистон”, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси саёҳат ва меҳмондорӣ Яқубзода Амирхон дар мавзуи “Вазъи сайёҳӣ дар ноҳияи Варзоб”, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси саёҳат ва меҳмондорӣ Шермамадова Фахрия  дар мавзуи “Меъёрҳои таснифи меҳмонхонаҳо”  бо гузоришҳои  илмӣ ширкат варзиданд.

          Дар маҷмуъ, дар кори конференсия 15 маърузаи илмӣ шунида шуд.

    Конференсия бо пешниҳоди саволҳо ва  ҷавобҳои мушаххаси илмӣ ба анҷом расид. Иштирокчиён доир ба рафти конференсия изҳори қаноатмандӣ намуда, пешниҳод карданд, ки дар оянда низ чунин чорабиниҳои илмӣ бо ҷалби ҳар чи бештари донишҷӯён баргузор карда шаванд.

Зарангис ШАРИФЗОДА,

муаллими кафедраи

технологияҳои иҷтимоӣ –

фарҳангӣ ва сайёҳ