20 — уми  апрели соли 2021 дар доираи “Ҳафтаи илм” дар кафедраи тарбия ва таҳсилоти мусиқӣ конференсияи илмию назариявӣ доир гардид.

Декани факултаи санъати мусиқии мардумӣ С. Гулназаров мавзӯи «Беҳтаргардонии раванди таълим дар дарсҳои фардӣ»  ро матраҳ намуда, зикр кард, ки «истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ метавонанд раванди таълиму тадриси фанҳои инфиродиро хеле беҳтар гардонанд ва сифати ин гуна дарсҳоро хубтар намоянд». Сипас, муаллими кафедра С. Ёров дар мавзӯи «Рушди маънавиёти хонандагон тавассути мусиқии мардумии тоҷик» андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки «мусиқии мардумии тоҷик дар қатори дигар асарҳои композиторони тоҷик метавонад олами зебоипарастии хонандагону донишҷӯён, аз ҷумла маънавиёти онҳоро беҳтару хубтар гардонад, зеро он дар масири асрҳо такмил ёфта, суфта гардидааст ва барои омӯзиш дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хеле самарабахш аст».

Суханронии мудири кафедра Ш. Гурезов ба масъалаи «Роҳҳои ташаккули маҳорати иҷрокунандагии хонандагон дар дарси суруд ва мусиқӣ» бахшида шуд. Ба гуфтаи мавсуф, «раванди дарси суруд ва мусиқӣ талаб менамояд, ки муаллимони мусиқӣ дар кори худ собитқадам бошанд ва дарсҳояшонро ба таври комплексӣ амалӣ намоянд, зеро ҳар як қисмати дарс бо ҳам алоқамандии зич дошта, як қисмати дарс қисмати дигари онро пурра менамояд». Ба ақидаи муаллиф «ин тарзи баргузории дарс самараи онро зиёд менамояд ва дар баробари ин маҳорати сарояндагии хонандагонро ташаккул дода, овози сарояндагии онҳоро инкишоф мебахшад».

Декани факултаи мусиқӣ-омӯзгорӣ М. Шарофиддинзод мавзӯи “Саҳми ансамблҳои оилавӣ дар пешрафти фарҳанги миллии тоҷик” – ро дар мисоли оилаи сарояндаву навозандаи маълуму маъруфи тоҷик Гурминҷ Завқибеков ба риштаи таҳлил кашид. Мавзӯи матраҳнамудаи муаллими кафедра П. Холов “Нақши фаъолияти фарҳангию таҳсилотӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ”унвон дошт.

Ҳамзамон, дар назди устодон муаллими калони кафедра С. Саидҳомидов бо мавзӯи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эҳёи санъати мусиқии мардумӣ” баромад намуд. Мавсуф зикр  намуд, ки “нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушду такомули соҳаҳои илму маориф ва фарҳангу санъати мардумӣ басо боризу мондагор аст, зеро ҳамаи он дастовардҳои муҳимме, ки дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастаанд, бо кӯшишу заҳматҳои ҳамешагии ин чеҳраи намоёни таърихи навини тоҷикон пайвастагии ногусастанӣ доранд”.

Дар конференсияи илмию назариявӣ, инчунин устодони ҷавони кафедра Д. Раҷабова дар мавзӯъҳои “Проблемаҳо ва ҳалли онҳо дар тарбияи мусиқии муҳассилини МТМУ”, З. Қурбонбекова “Нақши муаллими мусиқӣ дар ҷомеаи муосир” ва И. Дамдоров “Нақш ва вазифаҳои омӯзгори мусиқӣ дар тарбияи насли наврас” маърӯза намуданд.

Саидмаҳмуд САИДҲОМИДОВ,

муаллими калони кафедраи

тарбия ва таҳсилоти мусиқӣ