Имрӯз бо ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён бахшида ба 50- солагии донишкада, 115-солагии Бобоҷон Ғафуров ва 145-солагии асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар кафедра бо иштироки намояндаи бахши илми донишкада Синои Абуалӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар оғози коференсия мудири кафедра Гурезов Ш.М. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, иштирокчиёнро ба оғози кори он хайрамақдам гуфт. Дар конференсия 8 нафар омӯзгорон бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Аз он ҷумла, Гурезов Ш.М. дар мавзуи “Аҳамияти ақидаҳои мусиқии Абдураҳмони Ҷомӣ дар тарбияи мутахассисони соҳаи санъат” баромад кард. Рисолаи мусиқӣ яке аз асарҳоест, ки ба мусиқишиносон ва онҳое, ки дар ин самт ба корҳои илмӣ таҳқиқотӣ анҷом медиҳанд, сарчашмаи муҳими таърихӣ ба шумор меравад, дар баромади хеш иброз дошт ӯ. Пас, н. и. п., дотсенти кафедра Хайруллозода Б.Х. дар мавзуи “Фарҳанг-намоди барҷастаи ахлоқи башарӣ” баромад намуд. Мавсуф дар баромади худ қайд намуд, ки фарҳанг ва санъати миллии тоҷик мисли ганҷинаест, ки онро гузаштагонамон гиромӣ доштаанд ва дар он замоне, ки қоғазу қалам вуҷуд надошт, фикру ақидаҳои худро дар рӯи санг сабт мекарданд.
Ҳамзамон маърузаҳои устодони кафедра и. в. дотсенти кафедра Ёров С. “Нақши суннатҳои бадеии миллии оилавӣ дар тарбияи эстетикии насли наврас”, муаллими калони кафедра Шарофидинзод М. “Ташаккули завқи бадеии хонандагон тавассути санъати мусиқӣ”, муаллими калони кафедра Холов П. “Хусусиятҳо ва марҳилаҳои рушди фарҳангу мусиқӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ”, муаллими кафедра Саидов Саидбаҳром “Принсипҳои интихоби барномаҳои таълимӣ ва репертуари таълимӣ дар ташаккули салоҳиятнокӣ”, муаллимаи кафедра Исрибшоева Нуринисо “Сабку услуби иҷроиши фалак дар минтақаи Бадахшон”, муаллими кафедра Дамдоров Ифтихор “Масъалаҳои таҳқиқи хусусиятҳои истифодаи сози ғижжак дар илми мусиқӣ” шунида шуданд.