Имрӯз бо ҳайати  профессорону устодон, докторантону магистрон ва донишҷӯён бахшида ба 30 солагии иҷлосияи XVI-уми Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 солагии Ваҳдати миллӣ, дар кафедраи тарбия ва таҳсилоти мусиқӣ бо иштироки намояндаи бахши илми донишкада Қудратов Сино конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид.

    Дар оғози коференсия мудири кафедраи мазкур Гурезов Ш.М., бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, иштирокчиёнро ба оғози кори он хайрамақдам гуфт. Дар конференсия 9  нафар омӯзгорон бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Аз он ҷумла, Гурезов Ш.М. дар мавзӯи “Хусусияти асосии истифодаи жанри Шашмақом дар дарси мусиқӣ ” баромад кард. Ӯ роҳҳои истифодаи жанри Шашмақом дар дарси мусиқиро дар баромади хеш иброз дошт. Пас, н. и. п., дотсенти  кафедра Хайруллозода Б.Х. дар мавзӯи “Ташаккули фарҳанги этникии омӯзгорони ояндаи мусиқӣ” баромад намуд. Мавсуф дар баромади худ қайд намуд, ки дар раванди дарси суруд ва мусиқӣ истифодаи фарҳанги этникӣ ба омӯзгор имконият медиҳад, ки дарси худро боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ монад.

   Ҳамзамон маърӯзаҳои устодони кафедра и. в. дотсенти кафедра Ёров С. “Методикаи гузаронидани иду ҷашнҳо”, муаллими калони кафедра Шарофидинзод М. “Таъсири малакаҳои педагогии омӯзгори мусиқӣ дар тарбияи эстетикӣ ва зебоипарастии насли наврас”, муаллими калони кафедра Саидҳомидов С. “Нақши омӯзгори мусиқӣ дар таълиму тарбияи хонандагон”, муаллими калони кафедра Холов П. “Нақши композитор Шӯҳрат Ашӯров дар рушди мусиқии касбӣ ва суннатии тоҷик”, муаллими кафедра Саидов Саидбаҳром “Принсипҳои интихоби барномаҳои таълимӣ ва репертуари таълимӣ дар ташаккули салоҳиятнокӣ”, муаллимаи кафедра Қурбонбекова Зуҳал “Ҳаёт ва фаъолияти омӯзгорӣ-эҷодӣ ва илмии Шермуҳаммад Ҳабибов”, муаллими кафедра Дамдоров Ифтихор “Нақши мусиқӣ дар ташаккули ҷаҳони маънавии наврасону ҷавонон” суханронӣ намуданд.     

Мудири кафедра   

Гурезов Ш