Бахшида ба ҷашнҳои «30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» ва «110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода» 23-юми апрели соли 2021 дар кафедраи сарояндагӣ (халқӣ) конфронси илмию назариявӣ баргузор гардид.

 

Дар кори конфронс беш аз 50 нафар устодону донишҷӯён иштирок намуда, дар баррасии мавзӯъҳои пешниҳодгардида ширкати фаъол доштанд. Омӯзгорони кафедра Хурсандмурод Зарипов дар мавзӯи «Рушди мусиқии суннатии тоҷик дар даврони истиқлолият”, Айдаршозода Диловар «Фалак дар илми мусиқишиносии муосир”, Ҳаётхон Муминова «Эҳёи анъанаҳо ва сурудҳои халқии ҷашнҳои миллӣ дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ва рушди он», Сафизода Моҳрухсор «Инъикоси сурудҳои мардумӣ дар эҷодиёти бастакорони муосири тоҷик» ва Абдурасул Одинаев «Ҷашни «Гули сурх»: Эҳё ва таҷлили он» маърӯзаҳои илмӣ карда, барои равнақи соҳа таклифу пешниҳодҳои мушаххас  баён намуданд.

Зимни ироаи маърӯзаҳо байни иштирокдорон ва маърӯзачиҳо саволу ҷавоб сурат гирифт. Пешниҳод шуд, ки чунин конфронсҳои илмӣ, назариявӣ ва эҷодӣ бисёртар ба роҳ монда шаванд.

Хурсандмурод ЗАРИПОВ,

мудири кафедраи сарояндагӣ (халқӣ)