Дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” 22-юми апрели соли ҷорӣ дар доираи Конфренсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии “Ҳафтаи илм” бахшида ба ҷашнҳои «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» ва «110 — солагии Шоири халқии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода» конференсияи кафедраи режиссура ва продюсерӣ баргузор гашт.

Дар конференсияи илмӣ устодони  кафедра Фарҳод Мирахмедов дар мавзӯи «Мавқеи муассисаҳои фарҳангӣ дар ташаккули муносибатҳои муътадили ахлоқию маънавии ҷомеа», Санавбар Мирмуллоева «Саҳми Ҳошим Гадо дар рушди кинои тоҷик», Наргис Султонова «Фаъолияти ҳунарии Ато Муҳаммадҷонов дар синамо ва театр», Сулаймон Рашидов “Нақши Сергей Бандарчук дар рушди кинои ҷаҳон”, Ҳалим Сангин “Омода намудани барномаи телевизионӣ бахшида ба 110-солагии устод Мирзо Турсунзода” ва Рустамҷон Воҳидов “Тағоймурод Розиқӣ: сабк ва вижагиҳои нақшофаринӣ” маърӯза намуданд.

 Ҳамзамон, устодон  Басгул Сабурова, Дилшод Умаров, Зоҳири Сайфулло ва Насимҷон Қодиров перомуни намоишномаҳои Фаррух Қосимов, бурду бохти ҳаҷв, иди байналмилалии Наврӯз ва тамоюлҳои рушди идҳои ниёгон дар фарҳанги миллӣ ибрози назар намуда, дар атрофи мавзӯъҳои матраҳшуда баёни андеша карданд.

Дар маҷмӯъ, дар конференсия 14 маърӯзаи устодон ироа гардида,мавриди баррасӣ ва таҳлили амиқ қарор гирифтанд.

Насимҷон ҚОДИРОВ,

омӯзгори  кафедраи

режиссёрӣ ва продюсерӣ