Дар доираи “Ҳафтаи илм” дар кафедраи нутқ ва ҳаракати саҳна конференсияи илмию назариявӣ бо иштироки устодону донишҷӯён ва котиби Шӯрои олимони Сино Қудратов баргузор шуд.

Мудири кафедра, н.и. фалсафа, дотсент  Г. Нуъмонова перомуни мавзӯи «О некоторых общих тенденциях развития системы  образования Таджикистана» баёни андеша намуда, оид ба навгониҳо ва пешрафти соҳаи маориф маълумоти муфассал дод. Муаллимаи кафедра Г. Каримова дар мавзӯи «Моҳияти фанни нутқи саҳна дар раванди таълим» баромад кард ва ба саволҳои донишљуёну устодон љавобҳои қаноатбахш  гардонд.

         Мавзӯи «Тобишҳои фарҳанги миллӣ дар ансамбли оилавии Бобои Набот» — ро, ки муаллими калон Собир  Боев  матраҳ намуд, ба иштирокдорон писанд омад. Мавсуф дар бораи расму оин ва фарҳанги ниёгон, ки дар як ансамбли оилавӣ акс ёфтааст, иттилоъ дода, сифатҳои вожаҳои мардумӣ ва  суруду чакомаҳои миллиро ситоиш намуд. Инчунин, перомуни мавзӯъҳои ироанамудаи устодон М. Сангов ”Ислоҳотгари театри тоҷик”, Ҳ. Қосимов “Дурдонаи ҳунар” ва З. Худойқулзода ”Ташаккули мафкураи кӯдакон тавассути театри лӯхтак” мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.

Собир БОЕВ,

муаллими калони  кафедраи

нутқ ва ҳаракати саҳна