Аз  баргузории  Конференсияи  ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба ҷашнҳои  « 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон», солҳои  2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Бистсолаи  омӯзиш ва рушди фанҳои  табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)» ва «110- солагии Шоири халқии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода» дар кафедраи маҳорати актёрии факултаи санъати театрӣ.

Дар доираи Ҳафтаи илм  ҳайати устодон ва донишҷӯёни кафедраи маҳорати актёрии факултаи санъати театрӣ дар   синфхонаи №27 Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиро доир карданд.  Тибқи барномаи конференсия  дар бахши маҳорати актёрӣ ҳафт маърӯза ба қайд гирифта шуда, раиси он профессори кафедра Т. Розиқов ва котиб омӯзгори ҷавон С. Абдумалик  интихоб шуда буданд.

Т. Розиқов профессори кафедра бо маърӯзаи «Дирӯз, имрӯз ва фардои театр» баромад карда, мавқеи театрро дар се давра ба  саҳми шунавандагон расонид. Проблемаи асосии дар маърӯза ин норасоии кадрҳои болаёқат ва ҳунари асилдошта дар театр буд.  А. Қодиров  дар мавзӯи «Бурду бохти театри муосир» сухангӯӣ кард. Муҳтавои баромади ӯ аз саҳми Донишгоҳи бонуфузи шаҳри Москва ГИТИС дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи театр, фаъолияти онҳо дар театрҳои навбунёди он давра то имрӯз иборат буд. Дар идомаи маърӯза мушкилоти  имрӯзи театрҳои кишвар: норасоии сару либос ва воситаҳои ороишӣ (чеҳрапардозӣ, грим) ба ҳунармандон мавриди баррасӣ,баҳсу муҳокимарониҳо қарор ёфт.

«Драматургияи даврони Истиқлол» бо ин мавзӯъ омӯзгори калони кафедраи маҳорати актёрӣ Бобоҷон Раҳимов баромад карда, оид ба таърихи драмаи тоҷик, фаъолияти драматургони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, ҳамбастагии кори коргардон бо драматургон,сафарҳои ҳунарии театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов ва Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бо драмаҳои тоҷикӣ ба гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар, ҷоизаҳои ба дастовардаи онҳо, маълумот дод.

Ҷумъа Қуддус таҳти унвони «Ҷанбаи публитсистии драматургияи телевизионии С. Айюбӣ» маърӯзаи худро ба иштирокчиёни конференсия расонид. Муаллифи мақола саҳми С. Айюбиро дар ташаккули намоишномаҳои телевизионӣ хеле баланд арзёбӣ кард. Хулоса гардид, ки андешаҳои муаллиф дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ, ҷангиён, вазъи мардум, хоса аҳли зиё ба тарзи рамзию тамсилӣ  иброз шудааст.

«Мактаби режиссёрии давраи Истиқлол» аз ҷониби муаллими кафедраи маҳорати актёрӣ Сафаралии Абдумалик ба ҳайати конфронс расонида шуд. Дар маърӯза оид ба таърихи пайдоиши режиссура дар театрҳои ҷаҳонӣ ва истифодаи таҷрибаи онҳо дар театри муосир маълумотҳо оварда шуд.Оид ба кори коргардонҳои  имрӯзи театр Д. Убайдуллоев, А. Қодиров, М. Хайёлов, С. Усмонов ва саҳми онҳо дар ташакули намоишномаҳои театрӣ ибрози назар карданд.

Тоиров Қандил дар мавзӯи «Саҳми Н. Нурҷонов дар театри тоҷик» суханронӣ карда, мақоми барҷастаи Н. Нурҷонов — мунақиди  театр, санъатшиносро дар ташаккули санъати театрҳои халқию касбӣ  маънидод намуд.

Маърӯзаи  магистранти курси 2-юми ихтисоси режиссураи драма Ибодулло Искандаров дар мавзӯи «Рушд ва эҳёи фарҳанги миллӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон» дар меҳвари  таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб арзёбӣ гардид.

Донишҷӯи курси 2-юми шуъбаи драматургия Фурқат Икромов бо мақолаи «Саҳми Ф. Ансорӣ дар ташаккули драматургияи тоҷик»  баромад карда, оид ба намоишномаҳое, ки дар асоси пиесаҳои  ин драматург дар театрҳои ҷумҳурӣ ба саҳна гузоштаанд, маълумоти муфассал дод.

Ёдрас шудан бо маврид аст, ки маърӯзаҳои устодон Ҷ. Куддус, Тоиров Қ, И. Искандаров берун аз барномаи конференсия ба таври иловагӣ ба иштирокчиён расонида шуд.

Маърӯзаи донишҷӯи курси 2-юми шуъбаи драматургия Сайбурҳони Раҷабалӣ дар мавзӯи «Муколама дар эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ» ва мақолаи Алимов Сомон «Режиссураи театри муосир» ба шакли хатти пешниҳод шуд ва  сухангӯён  бинобар сабаби беморӣ  ба конференсия иштирок карда натавонистанд.

Хулоса

Маърӯзаҳои профессор Т. Розиқов таҳти унвони «Дирӯз, имрӯз ва фардои театр», муаллими калон Б. Раҳимов «Драматургияи даврони Истиқлол», Сафаралии Абдумалик «Мактаби режиссёрии давраи Истиқлол», Қандил Тоиров «Саҳми Низом Нурҷонов дар театри тоҷик» ва маърӯзаи донишҷӯи курси 2-юми шубаи драматургия Фурқат Икромов «Саҳми Файзулло Ансорӣ дар ташаккули драматургияи тоҷик» барои чоп  тавсия карда шудаанд.

Маърӯзаҳо ба шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод карда мешаванд.

 

Дилшод  Умаров

 Муовини  декани  факултети 

санъати  театрӣ.