Дар кафедраи фортепиано ва гузориши овоз аз рӯи барномаи  Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ки имрӯзҳо дар доираи ҳафтаи илм ҷараён дорад, конференсияи илмию назариявӣ бо иштироки намояндаи бахши илми донишкада Қудратов Сино баргузор гардид.Дар оғоз мудири кафедра Шарифов Қ.М. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, иштирокчиёнро ба конференсия хайрамақдам гуфт. Конференсия бо мақсади мустаҳкам намудани иқтидори илмии кафедра роҳандозӣ шуда, дар он устодони кафедра  маърӯзаҳои илмии худро ироа намуданд. Аз ҷумла мудири кафедра Шарифов Қ. М. дар мавзуи “Таълими мусиқӣ дар тарбияи кӯдакон ва наврасон” баромад намуда зикр намуд, ки омӯзиши мусиқӣ ба кудакону наврасон зарур аст.  Зеро сароидаи сурудҳои тарбиявию ватанҳоҳӣ бо оҳанг меҳру муҳаббаташонро нисбати Ватан, Модар ва Падар зиёд намуда, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Ҳамчунон шунидани мусиқӣ як ҷузъи асосӣ барои табобати инсоният мебошад, ки ин суханҳоро Абӯалӣ ибни Сино дар бештари асарҳои гаронбаҳояш қайд намудааст.Дар Конференсия инчунин мавзуҳои “Таърихи пайдоиши фортепиано”- муаллима Юлдашева М.,“Саҳми Кароматуллои Қурбон дар рушди мусиқии эстрадии тоҷик”- муаллими  кафедра Маҳмадализода М., “Нақши Акашариф Ҷураев дар тарғиби жанри суруд”-  муаллими калони кафедра Маҷидов Ф. ва мавзуи “Аҳамияти малакаҳои вокалӣ дар тарбияи мутахасисони соҳавӣ”- муаллими калони кафедра Шарипова Д.  ироа гардида, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

    Дар анҷоми ҳамоиш миёни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифта, баргузории чунин чорабиниҳоро муҳим арзёбӣ намуданд.

Маҷидов ФИРӮЗ