Дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» 21 — уми апрел  бо иштироки устодони  кафедраи филология конференсияи  илмӣ- назариявӣ баргузор гардид. Дар маҳфили илмӣ, инчунин  аз кафедраҳои  режиссура ва продюсерӣ, рӯзноманигори ТВ, маҳорати нутқ ва ҳаракати саҳна, донишҷӯёни фаъоли шуъбаи  актёрӣ, низоми иттилоотӣ ва рӯзноманигорӣ  ҳузур доштанд.

 Маҳфили илмӣ бо сухани ифтитоҳии мудири кафедра,  номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфия Мирзода  оғоз гардид. Баъдан, муаллими  калони кафедра Н. Нуров дар мавзӯи «Рӯшангароии миллӣ дар «Ёддоштҳо» — и устод С. Айнӣ»,  мудири кафедраи филология Зулфия  Мирзода «Ҳарфи «ӯ» ва истифодаи он дар назми форсӣ — тоҷикӣ »,  муаллими калони  кафедраи филология А. Ғоибов «Устод Садриддин Айнӣ – тарғибгари фарҳангу тамаддуни миллӣ», муаллими калони  кафедраи филология С. Ғафурова «Фразеологизмҳо дар достони «Ҷони ширин» —  Мирзо Турсунзода», муаллими калони  кафедраи филология З. Иззатзода «Мазмун ва мундариҷаи достони «Ҳафт базми Нуширавон бо Бузургмеҳр» маърӯзаҳои илмӣ намуданд.

   Ба андешаи иштирокчиёни маҳфил, ҳар миллати  бедор ва худогоҳ фарҳанги худро  ҳифз менамояд, онро меомӯзад ва бо он фарҳанг зиндагӣ мекунад, то фарҳанги дигар бар фарҳанги вай мусаллат  нашавад.

Бузургӣ саросар ба гуфтор нест,

Дусад гуфта чу ним кирдор нест.

Иштирокдорони  конференсия  — Н. Нуров, С. Ғафурова ва чанде дигарон пешниҳод  намуданд, ки маърӯзаҳои илмӣ дар шакли маҷмӯа чоп карда шаванд.

Зулфия МИРЗОДА

номзади илмҳои филологӣ, дотсент

мудири кафедраи филология