Дар толори хониши китобхонаи илмии МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба ҳафтаи илм “Конференсияи ҷумҳуриявиии илмию назариявии ҳайати профессорону устодон, кормандон, унвонҷӯён, докторантону магистрон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “”Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикичстон ба номи Мирзо Турсунзода” баргузор гардид.

Кори конференсия таҳти роҳбарии мудири кафедраи бойгонишиносӣ н.и.т., дотсент Мамадазимова Майрам оѓоз гардид.

Мавсуф иброз дошт, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ — кишвари мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардид. Саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди кори бойгонидорӣ намоён мебошад. Дар қатори соҳаҳои дигар ба соҳаи бойгонидорӣ дар Тоҷикистон шахсан Пешвои миллат Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷчӯҳи хоса додаанд.

Бо фармони Президенти мамлакат ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бойгонидорӣ  як қатор қарор ва қонунҳо ба тавсиб расонида шуд.

Мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ н.и.п., профессор Сайфуллозода Бозор Сайфулло дар баромади хеш оид ба фаъолияти факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ дар омоданамудани кадрҳои соҳаи фарҳанг – бойгонидорӣ ва китобдорӣ дар ҷумҳурӣ намоён мебошад баҳогузорӣ намуд.        Сипас маърӯзаи устодону докторантон, магистрон ва донишҷӯёни кафедра Мамадазимова М. М.- дар мавзӯъҳои “Саҳми кафедраи бойгонишиносӣ дар омодасозии мутахассисони соҳаи бойгонишиносӣ” Холибоева Н.С. — “Омодакунии кадрҳои техникӣ дар мактабҳои олии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият”, Ҷумъазода П.И., “ Ҳаёти мадании хонигарии Қӯқанд ва Аморати Бухоро дар “Мунтахаб- ут- таворих”- и Муҳаммад Ҳакимхон” Раҷабов А.А. — “Фаъолияти бойгонии аксу садо ва синамо дар Тоҷикистон” Исмоилов Э. -“Тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба соҳаи бойгонишиносӣ”, магистрони кафедра Шарифова Д. Х. — “Саҳми китобхона ва бойгониҳо дар таъмини амнияти иттилоотӣ”, Азизов С.С. — “Ташаккулёбии сохтори давлатии Тоҷикистон дар асоси сарчашмаҳо ва ҳуҷҷатҳои бойгонӣ”, Хоҷамов Ф.Ш. — “Таъсиси системаи нави маориф ва ифтитоҳи мактабҳои миллии шӯравии тоҷик дар асоси ҳуҷҷатҳои бойгонӣ” инчунин донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси бойгонишиносӣ Меҳроҷиддини Саидҷон дар мавзуи “Нигоҳдории сарчашмаҳои бойгонӣ ҳифзи таърихи миллат аст” оид ба фаъолияти кори бойгонидорӣ дар Тоҷикистон ва Қонуну баромадҳои намуданд.

Рафти конференсия гузориш карда шуда дар сомонаи донишкада гузошта шуд.

 

Нарзиой ХОЛИБОЕВА,

ассистенти кафедра