Дар доираи Ҳафтаи илм дар Китобхонаи илмии донишкада бахшида ба ҷашнҳои «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Бистсолаи омӯзиши ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» ва «110 — солагии Шоири халқии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода» конференсияи илмӣ- назариявии кафедраи бойгонишиносӣ  баргузор гардид.

      Дар конференсия декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Зафари Шариф, мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ Бозорбой Холов, котиби Шӯрои олимони донишкада Сино Қудратов ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.

         Иштирокдорони конференсия — мудири кафедраи бойгонишиносӣ, номзади илмҳои таърих Майрам Мамадазимова мавзӯъҳои «Бозтоби масъалаҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мероси ниёгон, Фаррухрӯз Тоҷев, номзади илмҳои таърих  «Эмомалӣ  Раҳмон асосгузор ва роҳбари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон», Нарзиой Холибоева “Вазъи мактабу маориф ва таълиму тарбия дар асари “Таърихи инқилоби Бухоро” — и Садриддин Айнӣ”,  Парвиз Ҷумъазода “Мунтахаб-ут-таворих” — и Муҳаммад Ҳакимхон,  Файзиддин Юсупов “Рӯзгор ва осори Шарафуддин Алии Яздӣ”,  Шамсулло Аминзода “Танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар фаъолияти бойгонӣ”, Эраҷ Исмоилов “Саҳми китобхона дар ташаккули фарҳанги инноватсионии ҷавонон”, инчунин магистрони соли аввали кафедраи бойгонишиносӣ С. Азизов “Бойгонӣ – махзани ҳуҷҷатҳои  таърихи миллат”, Ф. Хоҷамов  «Назаре ба рушди бойгонидории тоҷикон дар даврони соҳибистиқлоли кишвар”-ро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд.

      Дар ҷараёни муҳокимарониҳо перомуни мавзӯъҳои матраҳшуда мубодилаи афкор сурат гирифт. Аз суханрониҳои маърӯзачиён донишҷӯён оид ба соҳаи сайёҳӣ, корҳои илмӣ, бозтоби мероси ниёгон дар рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маълумоти муфассал гирифтанд.

Майрам МАМАДАЗИМОВА,

мудири кафедраи бойгоншиносӣ