20 — уми апрели соли 2022 дар доираи “Ҳафтаи илм” дар факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ конференсияи илмию назариявӣ доир гардид.
Мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ профессор Сайфуллозода Бозор Сайфулло дар мавзӯи «Вазъи китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ»-ро матраҳ намуда, зикр кард, ки «Истиқлолият ҳамчун рӯйдоди таърихӣ дар ҳайёти миллати тољик барои пешрафти илму маориф, аз љумла рушди соҳаи китобдорӣ шароитҳои воқеан мусоидро фароҳам овард. Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ – беш аз 30 сол, соҳаи китобдории мамалакат ба дастовардҳое ноил гардид, ки дар қиёс ба тамоми комёбиҳои даврони шӯравӣ дар самти таҳқиқу баррасии масъалаҳои мубрами соҳа ва интишори онҳо ба забони давлатӣ беназиранд. Дар гузориш мо тасмим гирифтем, ки оиди самтҳои асосии фаъолияти китобдорӣ: таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, барномасозӣ, омодасозии кадрҳои соҳаи китобдорӣ, таљрибаомӯзиҳо, озмунҳо ва ҳамкориҳои байналмилалӣ андеша баён намоем». Сипас, декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Зафари Шариф дар мавзӯи «Нақши китоб дар рушди худшиносии миллӣ» андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки «Пешвои муаззами миллат дар Паём зикр намуданд, ки эҳёи фарҳанги китобхонӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим мебошад. Дар идомаи суҳбат Зафари Шариф таъкид доштанд, ки барои ташаккули самараноки фарҳанги мутолиа ҷалби хонандагони хурдсол ба хониш нақши калидӣ мебозад. Зеро «китобситезӣ» ва «китоббезорӣ» падидаи нав нест. Ин низомест, ки муддати тӯлонӣ ташаккул ёфтааст ва дар раванди он омӯзгорону волидайн низ иштирок намудаанд (аксаран ғайри майлу хоҳиши худ, ба иллати танбалӣ ва ғайра ба он мусоидат кардаанд). Чунки хониши иҷборӣ, ки баъзан тибқи майлу хоҳиши волидайн ва барномаи таълимии муассисаҳои зинаҳои гуногуни таҳсилот роҳандозӣ мегардад, аксарияти нишонаҳои беҳтарини раванди ташаккулёбии фарҳанги мутолиаро аз байн мебарад».
Суханронии муовини декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Наботов Шариф ба масъалаи «Инноватикаи китобдорӣ ва рушди китобхонаҳои электронӣ дар љумҳурӣ» бахшида шуд.
Ба гуфтаи мавсуф, «Дар шароити кунунӣ, ки ҳама гуна иттилоъ мавқеъ ва қимати хосро дорост, мутахассисон соҳаҳои гуногун истифодаи техникаю технологияи электрониро ҷиҳати расидан ба ҳадаф хеле муҳим мешуморанд. Технологияи муосир имкон медиҳад, ки коркарди босифати иттилоъ бо суръати баланд анҷом ёфта, ба ин васила муштариён ба ахбори лозима дар муддати кӯтоҳ даст ёбанд».
Омӯзгори кафедраи китобхонашинсӣ ва библиографишиносӣ Равшанова Нилуфар мавзӯи “Нақши фанни фонди китобхонаҳоро дар љалби хонандагон ба китобхона” – ро дар мисоли китобхонаҳои давлатию оммавӣ ба риштаи таҳлил кашид. Ҳамзамон, дар назди устодон донишҷӯёни факулта Алиева Гулҳаё ва Холиқова Саида дар мавзуҳои “Нақши Пешвои миллат дар рушди фаъолияти китобдорӣ” ва “Омодасозии китобдорон дар Тољикистон ибрози андеша намуданд.
Зафари ШАРИФ,
омӯзгори кафедраи китобхонашиносӣ
ва библиографишиносӣ