Дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” 20-21-уми апрели соли ҷорӣ дар доираи Конфренсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии “Ҳафтаи илм” бахшида ба ҷашнҳои «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» ва «110 — солагии Шоири халқии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода» конференсияи кафедраи забонҳои хориҷӣ баргузор гашт.

               Дар конференсия мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ Муҳаббат Назарова, намояндаи раёсати илм ва рушди инноватсионӣ Сино Қудратов ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

         Дар конференсия 15 маърӯзаи устодон ва 12 маърӯзаи  донишҷӯён ироа гардида, мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтанд. Маърӯзаҳои матраҳшуда фарогири мавӯзъҳои гуногуни самтҳои типологияи муқоисавӣ, забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ таҳия шуда буданд. Дар кори конференсия ҳамаи устодони кафедра фаъолона ширкат варзида, дар атрофи маърӯзаҳои ироагардида табодули назар карда, барои пешрафти кор пешниҳодои мушаххас баён доштанд.

        

Маврид ба зикр аст, ки маърӯзаҳои ассистенти кафедра Адолат Бойбутаева бо унвони “Рождения и развития таджикского танца” ва  донишҷӯи курси якуми ихтисоси менеҷменти робитаҳои байнифарҳангӣ Моҳсанам Солеҳова бо унвони “Ҷонишинҳои саволӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ” беҳтарин ҳисобида шуданд.

Мунира ИМАТШОЕВА,

номзади илмҳои филологӣ, дотсент