Дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои донишкада бахшида ба ҷашнҳои «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» ва «110 — солагии Шоири халқии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода», ки дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” 22-юми апрели соли ҷорӣ дар кафедраҳои фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносӣ  ва педагогика ва низоми иттилоотӣ дар фарҳанг  конференсияи илмию назариявӣ  бо унвони “Ҳафтаи илм” доир гардид.

Дар конфронси мазкур декани факултаи фарҳангшиносӣ Мастон Умедов, мудири кафедраи педагогика ва низоми иттилоотӣ дар фарҳанг Файзалӣ Мирзоев, котиби Шӯрои олимони донишкада Сино Қудратов ва устодону донишҷӯёни ин бахш ширкат варзиданд.

Зимни ин конфронси илмию назариявӣ 13 мақолаи устодону донишҷӯён аз кафедраи фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносӣ ва 10  мақола аз кафедраи педагогика ва низоми иттилоотӣ дар фарҳанг пешниҳод гардида, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки устодон маърӯзаҳоеро матраҳ карданд, ки фарогири масъалаҳои фарҳангӣ ва иқтисодӣ буда, масоили муҳимми илми муосир ва ҷанбаҳое аз корҳои илмии онҳоро инъикос мекарданд.

 

Муҳаммадиқбол ҚОДИРОВ,

омӯзгори кафедраи

педагогика ва низоми иттилоотӣ дар фарҳанг