Ҳамасола 22 сентябр дар гӯшаву канори ватани маҳбубамон Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мегардад ва ташкилоту муассисаҳо, махсусан макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ ба муносибати бузургдошти чеҳраи мондагори адабу фарҳанги миллӣ устод Рӯдакӣ чорабиниҳои идона доир менамоянд ва аз тариқ номи бузурги устодро гиромӣ медоранд.

     Дар ДДФСТ ба номи М. Турсунзода ҳам ҳар сол 22 сентябр чун Рӯзи Рӯдакӣ бо шукӯҳ ва шаҳомати хосса таҷлил мегардад ва бо ҳузури устодону донишҷӯён маҳофили илмию адабӣ доир карда мешавад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, кафедраи филологияи ДДФСТ ба номи М. Турсунзода нимаи дуюми рӯзи 22 сентябр дар толори хурди консертӣ бо ҳузури устодону донишҷӯёни соли аввали факултаи фарҳангшиносӣ маҳфили адабӣ таҳти унвони “Устод Рӯдакӣ — қофиласолори шеъри форсии тоҷикӣ” доир намуд. Маҳфилро бо сухани муқаддимотӣ устоди кафедраи филологияи Н. Нуров ифтитоҳ бахшида, эълом дошт, ки донишҷӯёни соли аввали ихтисоси менеҷменти робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ тасмим гирифтанд, ки дар доираи имконоти маҳдуди худ маҳфили адабиеро ба симои ҷовидонии адабиёти форсу тоҷик устод Рӯдакӣ ихтисос бидиҳанд.

     Ба ин тартиб, донишҷӯёни соли аввали ихтисоси менеҷменти робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ аз рӯйи сенария маҳфили адабиро таҳти унвони “Устод Рӯдакӣ — қофиласолори шеъри форсии тоҷикӣ” баргузор карданд. Дар доираи сенарияи маҳфил саҳнаи мухтасаре пешниҳод гардид, ки паҳлуҳои зиндагии шоири шаҳири миллиро инъикос менамуд. Ҳамчунин донишҷӯён аз ашъори ноби қофиласолори шеъри форсии тоҷикӣ намунаҳои ҷолибе қироат карданд. Маҳфил як дарси хуб ва омӯзандаеро мемонд ва тавассути он донишҷӯён на танҳо аз зиндагиномаи устод Рӯдакӣ огоҳ шуданд, балки аз моҳияти сухан ва мероси ин шоири абадзиндаи миллӣ мутталеъ гардиданд. Дар қисмати хотимавии маҳфил омӯзгори ҷавони факултаи санъати сарояндагӣ Ифтихор Дамдоров бо чанд суруд бар матни устод Рӯдакӣ хотири ширкаткунандагони маҳфилро шод кард.

     Дар расми ҷамъбасти маҳфил устодони кафедраи филология донишҷӯёнро ба муносибати Рӯзи устод Рӯдакӣ табрик намуда, таъкид варзиданд, ки шинохти ин чеҳраи мондагори шеъру фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаю боистаи ӯ вазифаи фарҳангиёну ҳунармандони ҷавон ҳам аст. Бинобар ин, донишҷӯёни шуъбаҳои эҷодӣ ва умуман, муҳассилини Донишкада муваззафан, ки дар тарғибу ташвиқи симоҳои барҷастаи адабӣ, илмӣ, эҷодӣ, ҳунарӣ ва мадании миллию фаромиллӣ саҳми сазовор бигузоранд.

Кафедраи филологияи

МДТ “ДДФСТ ба номи М. Турсунзода”