Дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода» 20-уми апрели соли ҷорӣ, дар доираи Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии “Ҳафтаи илм” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Ваҳдати миллӣ бо иштироки устодони кафедраи филология конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар маҳфили илмӣ донишҷӯёни шуъбаи драматург, санъатшиносӣ, режисёри филми бадеӣ, сурудхони мардумӣ ҳузур доштанд.
   Маҳфили илмиро мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ, и.в.дотсент Зулайхо Изатзода ҳусни оғоз бахшид. Баъдан, муаллими кафедра М.Анварзода дар мавзуи «Нақши калимасозии пасванди “-чӣ” дар “Ёддоштҳо”-и С.Айнӣ», муаллими калони кафедра С.Ғафурова “Нигоҳе ба лексикаи аслӣ ва иқтибосии тоисломии забони тоҷикӣ”, муаллими калони кафедра А.Ғоибов “Такмили омӯзиши забони миллӣ – таҳкими ваҳдат ва истиқлоли кишвар”, муаллими калони кафедра Н.Нуров “Баҳористон”-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ва баъзе масъалаҳои ахлоқи асримиёнагии форсӣ-тоҷикӣ” ва мудири кафедраи филология З.Изатзода “Сохтор ва муҳтавои “Офариннома”-и Абушакури Балхӣ” маърӯзаҳои илмӣ намуданд.Дар хотимаи конференсия донишҷўён ва ширкаткунандагон аз тариќи суолу љавоб дидгоњ ва назароти худро дар мавриди маърӯзаҳои ироагардида иброз доштанд.
З.Изатзода
мудири кафедраи филология