Дар китобхонаи илмии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ҷаласаи навбатии маҳфили «Муҳаққиқони ҷавон» баргузор гардид. Дар ҷаласа фаъолияти китобхонаҳо ва бойгониҳо дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ, номзади илмҳои педагогӣ, профессор Сайфуллозода Бозор Сайфулло ба кори маҳфил ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаъолияти китобхонаҳо ва бойгониҳо хеле пурсамар гашта, сафи  хонандагонашон зиёд шуда буданд.  Чорабиниҳои оммавӣ низ хеле хуб бароҳ монда мешуданд.

       Мудири кафедраи  бойгонишиносӣ, номзади илмҳои таърих, роҳбари маҳфил Мамадазимова  Майрам дар мавзӯи «Китоб низ муқобили ҷанг буд» гузориши муфассал пешниҳод намуд. Қобили тазаккур аст, ки мавсуф бо истифода аз тахтаи электронӣ лаҳзаҳои ҷолиби диққати фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурии Тоҷикистонро пешкаши ҳамагон гардонид.

        Омӯзгори кафедраи бойгонишиносӣ Нарзиой Холибоева зери унвони «Ҳуҷҷати бойгонӣ оид ба қаҳрамонии фиристодагони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» гузориши пурмуҳтавое  пешниҳод намуда, саҳми адибони тоҷикро дар ин самт беназир монд.

         Дар охири ҷаласа  донишҷӯёни факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ  чанд шеъри ба мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшидаи шоирони тоҷикро қироат намуданд.

Нарзиой Холибоева

омӯзгори кафедраи бойгонишиносӣ