Суханронии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»

Дӯстони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

         Пеш аз ҳама шуморо ба муносибати ин рӯзи пурифтихор – Рӯзи парчами милии Тоҷикистон  самимона табрику таҳният мегӯям. Парчами миллӣ  ҳамчун рамзи истиқлоли давлатӣ, сарбаландӣ ва ғуруру ифтихори миллӣ дар таърихи давлатдории мо ҷойгоҳи хосса дорад. Рамзҳои давлатии Тоҷикистон — Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд, ки аз ҷониби шаҳрвандон эҳтироми онҳо ба ҷо оварда мешавад.

         Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталифи ҷаҳон, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз аҳамият ва ҷойгоҳи бузурги парчам дар оини давлатдории халқу миллатҳо гувоҳӣ медиҳанд. Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад. Тавре ба мову шумо маълум аст, тибқи гувоҳии осори таърихӣ, достонҳои куҳан ва ривоятҳои асотирӣ гузаштагони мо ҳанӯз 4000 сол пеш соҳиби парчам буданд, ки дар адабиёти қадимаи мо бо номи дирафш ёд мешавад. Дирафши ковиён нахустин парчамест, ки дар ривоёти асотирӣ, порчаҳои манзуми паҳлавӣ ва достонҳои адабиёти классикӣ, хусусан асари безаволи Ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ – «Шоҳнома» аз он ба маротиб ёд шудааст.

         Дирафши Ковиён то замони  инқирози давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони мо буд. Дар давраи Сосониён дар қисми болоии он паррандаи  заррин – мурғи ҳумо таҷассум мешуд ва дар бахши мураббаи он сангҳои гаронбаҳо насб мегардид. Чуноне ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омадааст, ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо низ дирафши хоси худро доштаанд, ки бо рамзҳои ба худи паҳлавонон хос зинат дода мешудааст. Дирафш аз замонҳои қадим нишона аз рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат будааст, ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷоннисориҳо намудаанд.

         Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ аввалин парчамҳо дар Чини  қадим, Мисри қадим ва Эрони қадим пайдо шудаанд. Дар китоби муқаддаси ниёгони мо «Авасто» дар бораи парчамҳои Бохтари қадим ва дирафшҳои душманони он зикр шудааст.

         Парчами давлатии Тоҷикистон дар замони мо рамзи истиқлоли давлатӣ ва таҷассумгари гузаштаи пурифтихору ояндаи дурахшони миллат мебошад ва он дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 қабул гардид. Имрӯз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем, зеро он айём барои мо рӯзҳои аввалини эъмори сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар, яъне оғози марҳилаи бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёду дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

         Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ имрӯз Парчами Тоҷикистон чун рамзи давлатдории тоҷикон дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот, яъне ҷамоатҳо, дар болои биноҳои вазоратҳо, кумитаю идораҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, иттиҳодияю ташкилоҳои ҷамъиятӣ, дар болои биноҳои истиқоматӣ – дар рӯзҳои ид ва рӯзҳои хотиравие, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, парафшонӣ мекунад.

         Аз таҷлили нахустин Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 2009 доир гардид, сол ба сол рӯҳияи эҷодкорию навоварӣ ва шукӯҳу шаҳомати бештар дар ҷашнгирии ин санаи таърихӣ ба назар мерасад. Бори аввал дар шаҳри Душанбе дар ин рӯз бо ташаббуси ҳукумати шаҳр аз хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 1500 метр ва бараш 7 метр гузаронида шуд. Бори дигар, 9-уми сентябри соли 2011, дар рӯзи таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз майдони марказии пойтахт парчами дарозиаш 2011 метр ва бараш 7 метр гузаронида шуд.

         Имрӯзҳо дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон пояи баланди Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке пас аз дигар барафрохта шуда, Рӯзи Парчами давлатӣ дар саросари Ватани азизамон бошукӯҳ таҷлил карда мешавад.

         Тавассуси парчам натанҳо кишварҳоро дар арсаи ҷаҳон мешиносанд, балки парчам ҳамчун рамзи пирӯзӣ ва омили ифтихорофарини давлату миллатҳо дар ҳамоишҳои бузурги байналмилалӣ ва мусобиқоти варзишии бонуфузи ҷаҳонию минтақавӣ барафрохта мешавад. Маҳз дар ҳамин гуна лаҳзаҳо мо шоҳиди ба ваҷд омадани одамон аз ифтихори миллию давлатиашон мешавем. Ин ҳолатҳо то ҷое таъсирбахш ва самимиянд, ки дар пеши чашми миллионҳо бинанда одамон ашки шодӣ мерезанд.

Хушбахтона, ҳоло ифтихор аз рамзҳои давлатдорӣ дар зеҳну шуури тамоми ҷомеа ҷой гирифтааст ва метавон гуфт, ки ин эҳсоси гарми ифтихор дар таҳкими сулҳу субот, дӯстиву якдилӣ ва ваҳдати халқи азизамон нақши барҷаста дорад. Имрӯз мо ҳамчун насли ояндасози Ватан вазифадорем, ки дар атрофи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилу якҷон муттаҳид  гардида, ба ормонҳои миллии ниёгони хеш содиқ монда, эътибори Парчами давлатии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

Бори дигар ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ин ҷашни муқаддаси умумимиллӣ табрик намуда, ба шумо саломативу хонаободӣ орзу менамоям.