Дар ҳошияи таҷлили 110 — солагии Шоири халқии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода 6- уми майи соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо ширкати шоираи бисёр маҳбубу машҳур, дорандаи Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон, Комсомоли ленинии умумииттифоқ, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи адабии ба номи Ҳелмут Ҳаммет ва Шоираи халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева вохӯрӣ баргузор гардид.
Нахуст Гулрухсор Сафиева ва мехмонони ба вохӯрӣ даъватшуда ба назди нимпайкараи нави устод Мирзо Турсунзода, ки чанд рӯз пеш парда аз рӯи он бардошта шуда буд, омада, гул гузоштанд. Дар ин росто, донишҷӯёни донишкада аз осори устод Мирзо Турсунзода ва Гулрухсор Сафиева шеърҳое, ки муҳтавояшон саршор аз нангу ғурури ватандорӣ, ваҳдату дӯстӣ, сулҳу осоиштагӣ ва хулқу атвори хуби инсонӣ буданд, қироат намуда, хотири меҳмонон ва ҳозиринро шод намуданд. Сипас дар толори “Арғунун” шоираи маҳбубро устодону донишҷӯён аз ҷой бархоста, бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол гирифтанд.
Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Гулрухсор дар поёни солҳои шастум ба таври ҷиддӣ вориди адабиёти бадеии тоҷик гардидаанд. Ин кас, бешубҳа, бештар аз мактаби адабии устод Мирзо Турсунзода дарси шеър хондаанд ва дар ҷодаи шеъру шоирӣ ин мактабро инкишоф бахшидаанд. Маълум аст, ки солҳои шастум давраи баландравии адабиёти шӯравии тоҷик ҳам буд. Он солҳо ҳар шоиреро, ки Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода раҳнамоиву сарпарастӣ карда бошанд, ӯ ба манзили мақсуд расидааст. Воқеан, ин ду марди бузург шоирони ҷавонро ҳамаҷониба дастгирӣ мекарданд ва онҳоро падарвор ба сӯи шеъри асил даъват менамуданд.
Боре устодон Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода нахустин шеъри Гулрухсорро баррасӣ мекунанд. Мирзо Турсунзода бо самимият ба Бокӣ Раҳимзода рӯй оварда мегӯяд: — «Боқиҷон, мана дар адабиёт на як Гулчеҳра, балки Гулрухсорҳо пайдо шуданд. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки доим аз ҳолу аҳвол, хонишу эҷодиёти ин духтар бохабар шавед, маро огоҳ кунед…».
Баъдан, Шоираи халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева ба сухан баромада, барои оростани чунин як маҳфили зебо ба созмондиҳандагони он арзи сипос намуд. Зикр кард, ки дар ҳақиқат саҳми устод Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода дар тарбия ва раҳнамун сохтани ӯ ва ҳамсафонаш, аз қабили Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ ва дигарон ба сӯи шеъри асилу ноби тоҷикӣ хеле зиёд аст. Шоира Гулрухсор хотироти хешро аз ҳаёту фаъолият ва ҷоннисориҳои устод Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода дар роҳи ба ҷаҳониён шинос намудани шукӯҳу шаҳомати шеъри тоҷик нақл намуда, таъкид намуд, мо бояд ҳамеша ба қадри хизматҳои бемисли фарзандони фарзонаи миллат расида, ёду номи онҳоро гиромӣ дорем.
Маҳфил дар фазои озоду суҳбатҳои самимона баргузор гашта, донишҷӯёну ҳаводорони нигоштаҳои Гулрухсор шеърҳои ӯро қироат карда, таманниёт, лутф ва миннатдориҳои хешро бо самимият ба шоираи маҳбуб арза намуданд. Хусусан шеърхониҳои дӯсти шоира Муҳаббат, ровии шинохта Бахтовари Ҷамшед, шоира Лолаи Саидакбар ва нақлҳои Аҳмадшоҳ Комилзода аз даврони наврасиву ҷавонии Гулрухсор ҷолибу шуниданӣ буданд.
Маҳфил хеле дилрасу хотирмон гузашта, бори дигар исбот намуд, ки шеър дар меҳвари ному нанг, фарҳангу тамаддун ва адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо қарор дошта, барои соҳиби давлати миллӣ гаштанамон саҳми босазо гузоштааст.
Додоҷон РӮЗИЕВ