Бо ибтикори Раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» 27 — уми апрели соли 2021, бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии иқдоми раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахти мамлакат дар донишкада шанбегӣ баргузор гардид.

    Дар шанбегӣ роҳбарияти донишкада, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён фаъолона ширкат варзида, дар саҳн ва гирду атрофи муассисаи таълимӣ ва хобгоҳи донишҷӯён гулҳои ороишӣ шинонданд, ки ба ҳусни донишкада ва хобгоҳ намои тоза зам намуд.

    Раёсати донишкада тасмим гирифтааст, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта чунин шанбегиҳоро роҳандозӣ намуда, дар ободу зебо ва сабзу хуррам гардонидани пойтахти маҳбубамон саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Бозорбой ХОЛОВ,

устоди донишкада