Бо ташаббуси Шӯрои занон ва   духтарони  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода 20 ноябри соли равон  бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри  таълимии донишкада  миёни донишҷӯдухтарони факултаҳо озмуни «Кадбону » доир гардид.   Дар озмун  духтарон аз рӯи шартҳои пешниҳодкардаи ҳайати ҳакамон, ки аз  тайёр намудани хӯриш, омода намудани ширинӣ, ороиши мӯй, намоиши ҳунарҳои дастӣ, иҷрои  суруд ва рақс иборат буд, ҳунари худро нишон доданд.

   Мақсад аз баргузор кардани  озмун муайян кардану баҳо додан   ба ҳунари  донишҷӯдухтарони ихтисосҳои донишкада  аз рӯи шартҳо,  тайёр кардани онҳо ба ҳаёти мустақилона, дар баробари ҳунарҳои касбӣ  то чи андоза воқиф будан аз ҳунарҳои қадимаи миллиамон мебошад.

   Дар оғози озмун ноиби ректор оид ба корҳои тарбия, дотсент Дилором Сангинова баромад намуда,  озмуни «Кадбону»-ро, ки аз тарафи раиси Шӯрои занон ва духтарони донишкада  Сайёра Ғафурова  ба  нақша гирифта шуда буд, муҳим арзёбӣ намуд.  Зикр кард, ки ташкилу бургузор кардани чунин озмунҳо дар тарбияи маънавӣ — маърифатии донишҷӯён аз аҳамият холӣ набуда, онҳоро дар  баробари омӯхтани ҳунари касбӣ ба шинохти фарҳанги миллиамон раҳнамун месозад.

   Шартҳои озмун бо навбат иҷро шуданд. То анҷом додани шартҳое, ки вақти бештарро талаб мекарданд, барои  аҳли толор  рақсу сурудҳои омодакардаи донишҷӯён  пешниҳод гардиданд.  Ҳар як рақсу суруде, ки  аз ҷониби иштиркчиёни озмун ба иҷро расонда мешуд, инъикосгар ва  тарғибкунандаи фарҳанги хоси  минтақаҳои гуногуни Ватани азизамон -Тоҷикистон буд.

   Ба ҳунари донишҷӯдухтарон раиси ҳакамон, профессори фахрии донишкада Гулчеҳра Нуъмонова, аъзои ҳакамон — Дилором Сангинова, ноиби ректор  оид ба корҳои тарбия, Зулфия Мирзода,  мудири кафедраи филология, Елена Ёдгорова, мудири шуъбаи умумӣ, Дилором Акрамова, мудири бахши таҷрибаомӯзии донишкада  баҳогузорӣ карданд.

   Дар натиҷа ҷойи аввал ба факултаи санъати мусиқии мардумӣ, ҷойи дувум ба факултаи театр, кино ва телевизион, ҷойи сеюм ба факултаи мусиқӣ- омӯзгорӣ дода шуд. Ба ҷойҳои чорум ва панҷум  факултаҳои китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ ва фарҳангшиносӣ сазовор дониста шуданд.  Ғолибони озмун дар чорабинии бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Иттифоқи касабаи донишкада бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.

   Ёдрас шудан бамаврид аст, ки  аҳамияти хоса додан дар омодагӣ ба озмунҳо аз тарафи омӯзгорон, мудирони  кафедраҳои тахассусӣ, муовинони деканҳои факултаҳо самараи бештар дода метавонад. Бахусус, аз тарафи омӯзгорони факултаи санъати мусиқии мардумӣ — Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Моҳрухсор Сафиева, Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Азизова ва омӯзгор Ибодат Раҷабова , ки дар оро додани  гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ба донишҷӯён маслиҳату машварт додаанд, шаҳодати гуфтаҳои болоянд.

Бобоҷон РАҲИМОВ,

мудири бахши сифати таҳсилоти ДДФСТ

 ба номи Мирзо Турсунзода

[metaslider id=2374]