28-29-уми майи соли равон даври ҷумҳуриявии олимпиада миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2020-2021 бо унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз…” дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Дар олимпиадаи мазкур донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” низ иштирок карданд. Аз ҷумла, донишҷӯи соли дуюми факултети санъати мусиқии мардумӣ, кафедраи сурудхонии халқӣ Сафармурод Ашӯров (бо роҳнамоии н. и. ф., дотсент Авғонов А. Ф.) аз фанни педагогикаи умумӣ сазовори ҷойи дуюм гардида, донишкадаро дар миёни 35 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар сазовор муаррифӣ намуд.