Ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла донишҷӯёни макотиби олии кишвар зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардида истодааст.

Тибқи Низомномаи озмун он аз чор давра иборат буда, даври аввали он  дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз он ҷумла дар муассисаҳои олӣ  дар нимаи аввали моҳи июн баргузор гардид. Даври аввали озмун байни донишҷӯёни факултетҳои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода  бо ширкати доираи васеи донишҷӯён баргузор гардид, ки Комиссияи озмунии Донишкада аз байни онҳо беҳтаринҳоро барои ширкат ба  даври дуюми озмуни ноҳиявӣ тавсия намуданд.

Даври дуюми  озмуни ҷумҳуриявӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №66 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯён Юнусалиев Умедҷон, Ҳалимова  Наргис, Худойбердиев Нозимҷон, Олимова Меҳрона ва Олимова Сайёҳат фаъолона ширкат варзида, донишҳои худро аз рӯи ҳар чор номинатсия пешкаши ҳайати ҳакамон гардониданд.

Донишҷӯи  курси 3-юми шуъбаи рӯзноманигории телевизион Олимова Сайёҳат дар Номинатсияи   аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон ширкат намуда, дар байни иштирокчиёни озмун ғолиб дониста шуд.

Барои ғалаба дар даврҳои минбаъда ба Сайёҳат комёбиҳо орзу менамоем.

 

  Бозорбой Холов

Чоп кунед