Боиси тазаккур аст, ки зиндагии мардуми тоҷик дар арсаи таърих бо китоб пайванди амиқ ва ногусастанӣ дошта, аҷдодони мо дар риштаҳои гуногуни илму адаб ҳазорҳо китоб таълиф намудаанд, ки аз насл ба насл ба ҳайси чароғи маърифат на танҳо барои мардуми мо, балки барои насли башар хидматҳои босазое кардаанд.

Маврид ба ёдоварист, ки  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо аҳли зиёи кишвар, ки санаи 19-уми марти соли  2018, дар арафаи таҷлили Иди Наврӯзи байналмилалӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, дар суханронии хеш ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ ишора намуда, таъкид карданд, ки ҷиҳати «…ҷалби васеи аҳолӣ ба китобхонӣ ва оммавигардонии мутолиаи китоб, гузаронидани озмунҳои шеърхониву байтбарак, инчунин донистани забонҳои хориҷӣ муҳим мебошад. Зеро сайёҳон бо мардум муошират менамоянд, аз таъриху фарҳанг ва осори гаронбаҳои халқ пурсон мешаванд. Агар мо аз таъриху фарҳанги халқамон хуб огоҳӣ дошта бошем, забондон бошем, мероси халқамонро метавонем ҳарчи бештар муаррифӣ намоем». Ин таъкид ва дастури Роҳбари  давлат беҳикмат нест. Воқеан ҳам,  таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони нокашфшудаи қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан тарғиб ва ташвиқ намоем. Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ  рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров- китоби «Тоҷикон» — ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда, то ҷашни 30 — солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар як оилаи мамлакат туҳфа намояд. Сарвари давлат вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи миллиро вазифадор намуданд, ки китоби мазкурро ба забонҳои хориҷӣ тарҷума ва чоп карда, нусхаи электронии онро тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн намоянд.

Фикр мекунам, ки дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми мамлакат  гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҳамватанонамон ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Китоб пурқимматтарин сарватест, ки дар шаклгирии хусусияту зиндагонӣ кӯмак менамояд, савияи сиёсии инсонро баланд бардошта, дониши илмию техникиашро меафзояд. Асосгузори адабиёти муосири рус М. Горкий навишта буд: «Ҳамаи ҷиҳатҳои хуби ман аз китоб аст».

Китоб дар ҳақиқат, ганҷи бебаҳост, ки кас хонда нафақат маънои зиёди иҷтимоӣ мегардад, балки ба завқу илҳом меояд, истироҳат мекунад. Китоб касро ба изтироб оварда, ба корнамоиҳо ҳидоят менамояд, хулқу атвори нек бахшида, аз ҷаҳолат ба маърифат мекашад.

Маврид ба зикр аст, ки дар мутолиа ва рушди фарҳанги китобхонӣ нақши хонавода омили бисёр таъсирбахш аст. Аз ҷониби дигар, хонавода беҳтарин муҳит барои тарбияи насли наврас буда, иртибот байни наврасон ва волидайн нерумандтарин иртибот ба ҳисоб меравад.  Бубинед шоири забардасттарини олмонӣ чӣ мефармояд: “Агар дороии тамоми олам дар дасти ман мебуд, барои ҳар як олими Шарқ қасре аз тилло бунёд мекардам ва худ остонабӯси ишон мешудам”. Албатта ин мутафаккир олимони шарқро тавассути китобхонаҳояшон шинохтааст. Масалан, вақте китоби “Авесто” мегӯем, ҳамоно симои Зардушт, ҳангоме “Шоҳнома”-и Фирдавсиро ба забон меорем, пеши назар ҷасорат, ҷавонмардӣ, ғурур, миллатдӯстӣ ҷилавгир мешавад ва ё “Гулистон” ва “Бустон” ба мо бӯи мушке аз ҳикмати пандомезонаи Саъди Шерозӣ ба машом меорад. Дар воқеъ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки мегӯем асарҳои безаволи ишон “Маснавии Маънавӣ” ва “Девони Кибир” пеши назар меояд ва дуюмин аз 3229 ғазал иборат мебошад, ки Ҷалолиддини Балхиро шуҳратманд гардонидаанд.

Агар донишомӯзии хонанда дар мактаб бо китоб оғоз ёфта, бо ёрии хониш ва худомӯзӣ идома ёбад, ӯ дар тамоми даврони зиндагӣ аз мутолиаи китоб даст намекашад.

Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо дар баробари босуръат пеш рафтани техникаю технологияи иттилоотӣ  боз мушкилоту муаммоҳои дигаре ба миён омадаанд, ки ҳалу фасли онҳо заҳмати зиёдеро тақозо менамояд. Мисли он, ки ба театр ҷалб намудани тамошобин кори басо душвор гардидааст, инчунин ба китобхона ҳам ҷалб намудани хонанда барои китобдорон яке аз масъалаҳои басо муҳими рӯз мебошад. Аз ин рӯ, китобдорони китобхонаҳои давлатӣ-оммавии ҷумҳуриро зарур аст, ки барои ҷалби ҳар чи бештари хонандагон   роҳу усулҳои гуногунро бояд ҷустуҷӯ намоянд.

Дар ин кор ба онҳое, ки дар фаъолияти кории худ роҳу усулҳои гуногуни ба сӯи китобу китобхона ҷалб намудани хонандаро истифода мебаранд шоистаи таҳсин аст. Бинобар ин, зарур донистем, ки дар ин мақола баъзе роҳу усулҳои ба китобхона ҷалб намудани хонандаро баён созем. Дар ин росто муассисаҳои фарҳангии кишвар тамоми имкониятҳоро доранд. Ташкили чорабиниҳои китобхонавию иттилоотӣ, аз қабили суҳбату вохӯриҳо, намоиши китобҳо, шабнишиниҳои илмию адабӣ, коференсияҳо, муаррифии тахрихи китобу китобдории тоҷик, маҳфилҳои илмию адабии  «Фурӯғи одамият аз китоб аст», «Ганҷ нагир китоб гир», «Ганҷи маънавии даргоҳи муқаддас», «Салтанати китоб»,  «Китобу Истиқлол-ду боли  як иқбол», «Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст», «Дониш аз хониш», «Фурӯғи субҳи доноӣ», «Китоб бонги бедорию ҳушёрӣ», «Сарчашмаи ақлу хирад» ва амсоли ин омили муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ мегарданд.

Ба андешаи  мо вақти он расидааст, ки ба хотири дарки ҳарчи бештари моҳияти китоб ва тарбияи ҳисси муҳаббат нисбати ин ганҷинаи дониш дар муассисаҳои фаҳанги кишвар, аз ҷумла китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ  ҳамасола озмуни «Гулшани маърифат» баргузор гардад ва ба ғолибони он дар қатори дигар туҳфаҳо бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик  тақдим намудани  шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» аз манфиат холӣ нест.

Дар мавриди тарбияи ҳисси муҳаббат нисбат ба ин ганҷинаи дониш Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки «Мехоҳам, бо камоли ифтихор зикр намоям, ки тоҷикон аз  қадимулайём соҳиби фарҳанги баланди китобдориву китобхонӣ буда, ба килку қалам ва  девону дафтар арҷ мегузоштанд ва онҳоро чун гавҳараки пурқиммат эҳтиёт мекарданд. Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо,  ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши даврони бостонӣ,  хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медорад. Китоб аст, ки бо нуру донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст».

Шоистаи зикр ва таҳсин аст, ки ҳар як иқдом ё санаде, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд намуда роҳандозӣ мешавад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус насли ҷавони имрӯза ва умуман қишрҳои мухталифи ҷомеа мегардад.

Бо ибтикори сиёсати фарҳангпарваронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаҳои  фарҳанг ва маориф, инчунин, барои бедор намудани шавқу завқи зебоипарастӣ ва китобхонии қишрҳои гуногуни ҷомеа бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои  ҷумҳуриявии  зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ташкил карда шуд ва тӯли ду сол мешавад, ки баргузор мегардад. Озмунҳои мазкур барои ҳадафҳои манфиатбахши давлату ҳукумат саривақтӣ буда, дар пиёдасозии онҳо нақши калидӣ мебозад. Маҳз ба ҳамин васила шавқи китобхонӣ ва ошно гардидани хонандагон ба ҳаёт ва эҷодиёти гузаштаву имрӯзаи аҳли адаб бедор мешавад.

Аз ин рӯ ҷиҳати ба самти барои ҷомеи тозаистиқлоли Тоҷикистон созгору манфиатбахш равона сохтани нерӯи зеҳнии наврасону ҷавонон ва вобаста ба ин ҷалб намудани онҳо ба китобхонаҳо ва хониши ҳалли масъалаҳои таъхирнопазирро зарур мешуморем:

-бо мақсади муайян намудани омилҳои таваҷҷуҳи камтари  наврасону ҷавонон нисбат ба китобхона ва хониш ҳарчи зудтар дар миқёси ҷумҳурӣ таҳқиқоти сотсиологӣ гузаронида шавад;

-лоиҳаи «Консепсияи миллии хониши наврасону ҷавонон дар Тоҷикистон» таҳия карда шавад;

-лоиҳаи «Консепсияи Китобхонаи миллии электронии наврасону ҷавонони Тоҷикистон» таҳия карда шавад;

-аз ҷониби мутахассисони соҳа «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2030» таҳия ва баррасӣ карда шавад;

-васл кардани китобхонаҳои оммавӣ, марказҳои фарҳангӣ, музейҳо, почтаҳо ва бойгониҳо тавассути  технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ;

— бо мутахассисони баландихтисоси касбӣ таъмин намудани китобхонаҳо;

— барои ҷалби бештари хонандагон ба мутолиаи китоб дар китобхонаҳои давлатию оммавӣ ҳамасола озмуни «Китобхони беҳтарин» ташкил карда шавад.

Дар ин замина мо — омӯзгорони МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро  сармашқи  фаъолияти хеш  қарор дода, дар тарбияи мутахассисон дар рӯҳияи китобхонию китобдӯстӣ ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳи худшиносию худогоҳии онҳо саҳми арзанда мегузорем.

 

Бозорбой ХОЛОВ,

Зафари ШАРИФ

омӯзгорони МДТ «ДДФСТ

ба номи Мирзо Турсунзода»