Дар воқеъ имрӯзҳо куллӣ мардуми шарафманду сарбаланд ва саодатманди Тоҷикистон аз неъматҳои бебаҳои Истиқлолияти давлатӣ баҳра бурда, бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати ҳаёт, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи такконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Маҳз фазои озодиву сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагист, ки имрӯзҳо мо дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа озодона метавонем таҳсил ва кору фаъолият намоем.

   Боиси  шодмонӣ  ва  шукургузорист, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои рушду нумўи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Маврид ба зикр аст, ки бо таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Воқеан, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлолият нақши китоб хеле бузург аст. Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, солҳои охир соҳаи китобдорӣ, илму ирфон рӯз то рӯз рушд намуда истодааст. Пўшида нест, ки китобу китобхона на танҳо дар тарбияи хушахлоқии наврасону ҷавонон саҳмгузоранд, балки дар пешгирии онҳо аз ҳар гуна гароишу ҳаракатҳо ва  рафторҳои ношоиста саҳми сазовор доранд.

   Дар такия ба ин андеша, месазад дубора қайд намуд, ки Давлату Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолии кишвар пайваста тадбирҳои муассир меандешанд. Далели равшани гуфтаҳои боло ин дар иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи соли ҷори баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” мебошад. Шоиста ба зикр ва таҳсин аст, ки ҳар як иқдом ё санае, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус насли ҷавони имрӯза ва умуман қишрҳои мухталифи ҷомеа мегардад.

   Ин буд, ки Амри Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  9-уми феврали соли ҷорӣ оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” содир гардид. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғани гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар озмуни ҷумҳуриявӣ “Фурӯғи субҳи доноӣ…”  баргузор мегардад. Ногуфта намонад, ки ин иқдоми фарҳангӣ, ки маромаш ҷалби наврасону ҷавонон ба китобу китобхона дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддуну қудратҳо тадбири мубраму саривақтӣ буда, аз ҷониби кулли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва корхонаву муассисаҳои таҳсилотӣ фоли нек арзёби гардида, хуб пазируфта шудааст.   Ҳамчунин озмуни мазкур ба ҷавонони соҳибхираду босавод ва дорои маърифати сиёсӣ имкон медиҳад, ки донишу маҳорати худро сайқал дода, ҳаргиз фирефтаи дасисаҳои муғризона намегарданд.

   Раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода барои дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангии кишвар ва амали намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” тадбирҳо андешида, як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст. Тибқи дастуру ҳидоятҳои фарҳангпарваронаи Ректори Донишкада доктори илмҳои фалсафа, узви вобастаи АИ ҶТ Усмонзода Хайридин Усмон пайваста дар байни донишҷӯён озмун ва маҳфилҳои шеъру сурудхони доир мегардад ва дар ин чорабиниҳо бевосита иштирок намуда, донишҷӯёнро ба хондани китоб, аз бар намудани каломи бадеъ ва илму ҳунар ҳидоятгаранд.

   Чуноне, ки ҳамагон иттилоъ дорем озмуни мазкур аз чор давр иборат буда, аз моҳи январи соли 2019 то моҳи декабри соли 2019 идома меёбад. Имрӯзҳо бошад дар саросари ҷумҳури ҷамбасти давраи сеюми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” ҷараён дорад. Боиси ифтихор аст, ки дар давраи сеюми озмуни мазкур 2 нафар аз донишҷӯёни ДДФСТ ба номи М.Турсунзода иштирок намуданд.

   Зоирова Мадина донишҷуи курси 1-уми шуъбаи рўзноманигори телевизион ба даври хотимавӣ рохат гирифт.

   Мо ба ў комиёбиҳоро таманно дорем

 

 

 

Зафари Шариф

Мудири  кафедраи китобхонашиносӣ ва

библиографишиносии ДДФСТ ба номи М.Турсунзода