Дар воқеъ имрӯзҳо кулли мардуми шарафманду сарбаланд ва саодатманди Тоҷикистон аз неъматҳои бебаҳои Истиқлолияти давлатӣ баҳра бурда, бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати ҳаёт, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи такконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Маҳз фазои озодиву сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагист, ки имрӯзҳо мо дар тамоми самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа озодона метавонем таҳсил ва кору фаъолият намоем.

Боиси шодмонӣ ва шукургузорист, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Маврид ба зикр аст, ки бо таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва ташаббусу дастгириҳои ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Воқеан, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлолият нақши китоб хеле бузург аст. Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, солҳои охир соҳаи китобдорӣ, илму ирфон рӯз то рӯз рушд намуда истодааст. Пӯшида нест, ки китобу китобхона на танҳо дар тарбияи хушахлоқии наврасону ҷавонон саҳмгузоранд, балки дар пешгирии онҳо аз ҳар гуна гароишу ҳаракатҳо ва рафторҳои ношоиста саҳми сазовор доранд.

Дар такя ба ин андеша, месазад дубора қайд намуд, ки Давлату Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолии кишвар пайваста тадбирҳои муассир меандешанд. Далели равшани гуфтаҳои боло ин дар иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи соли ҷори баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад. Шоистаи ба зикр ва таҳсин аст, ки ҳар як иқдом ё санае, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус насли ҷавони имрӯза ва умуман қишрҳои мухталифи ҷомеа мегардад.

Ин буд, ки Амри Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9-уми феврали соли ҷорӣ оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” содир гардид. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғани гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар озмуни ҷумҳуриявӣ “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад. Ногуфта намонад, ки ин иқдоми фарҳангӣ, ки маромаш ҷалби наврасону ҷавонон ба китобу китобхона дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддуну қудратҳо тадбири мубраму саривақтӣ буда, аз ҷониби кулли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва корхонаву муассисаҳои таҳсилотӣ фоли нек арзёби гардида, хуб пазируфта шудааст. Ҳамчунин озмуни мазкур ба ҷавонони соҳибхираду босавод ва дорои маърифати сиёсӣ имкон медиҳад, ки донишу маҳорати худро сайқал дода, ҳаргиз фирефтаи дасисаҳои муғризона намегарданд.

Раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода барои дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангии кишвар ва амали намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ кито аст” тадбирҳо андешида, як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст. Тибқи дастуру ҳидоятҳои фарҳангпарваронаи Ректори Донишкада доктори илмҳои филологӣ Низомӣ Муҳриддин Зайниддин пайваста дар байни донишҷӯён озмун ва маҳфилҳои шеъру сурудхонӣ доир мегардад ва дар ин чорабиниҳо бевосита иштирок намуда, донишҷӯёнро ба хондани китоб, аз бар намудани каломи бадеъ ва илму ҳунар ҳидоятгаранд.

Ҳамзамон, кормандони Китобхонаи илмии МДТ “ДДФСТ ба номи М.Турсунзода” баҳри тарѓибу ташвиқи ҳамаҷонибаи сиёсатӣ бунёдкоронаву сулҳҷӯёна ва созандаи Пешвои муаззами миллатро дастгири намуда, дар байни хонандагон чорабиниҳои гуногуни шавқовар гузаронида, дар тарбияи худши­носиву худогоҳии миллии хонандагон саҳми арзанда мегузоранд. Дар толори хониши Китобхонаи илмии Донишкада вобаста ба мавзӯҳои номинатсияи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” намоиши китобии доимо амалкунанда ташкал шуда, кормандони китобхона пайваста бо иштирокчиёни озмун ҳамкории зич доранд.

Чуноне, ки ҳамагон иттилоъ дорем озмуни мазкур аз панҷ номинатсия иборат буда, аз моҳи январи соли 2020 то моҳи декабри соли 2020 идома меёбад. Имрӯзҳо бошад дар саросари ҷумҳурӣ ҷамбасти давраи дуввуми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ кито аст” идома дорад. Боиси ифтихор аст, ки дар давраи дувуми озмуни мазкур 3 нафар донишҷӯёни МДТ “ДДФСТ ба номи М.Турсунзода” фаъолона ширкат варзиданд.

Яке аз иштирокчии фаъоли ин озмун Зоирова Мадина – донишҷӯи курси 2-юми шуъбаи рӯзноманигори телевизион мебошанд. Мавсуф дар номинатсияи “адабиёти муосири тоҷик” иштирок намуда, ба давраи озмуни шаҳри роҳ ёфтааст. Зоирова Мадина: ман дар баробари таҳсил, дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” омодагии ҷиддӣ мебинам. Алҳол ду даври озмуни мазкур сипарӣ шуд ва барои ду даври дигари озмун пайваста талош дорам, то адабиёти зиёде аз эҷодиёти шоирони муосир аз бар намоям. То имрӯз дар бисёре аз чунин озмунҳо иштирок намудаам, то ҷое дастболо низ гаштаам ва умед дорам, ки дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” низ муваффақ хоҳам гардид.

Иштирокчии дигари ин озмун донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи китобдорӣ Доруева Назира: ҳангоми иштирок дар озмун ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, ки бо шарофати Пешвои миллат дар тамоми ҷуҳуриамон китобхонаҳои замонавӣ бунёд

гардида истодааст, ки танҳо ва танҳо барои дурахшон сохтани фардои мо насли наврасу ҷавон мебошад. Аз ҷумла озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” низ бо мақсади сайқал додани дониши мо аз ҷониби сарвари давлат эълон гардидааст. Бояд мо хонандагон ин озмунро имконияти хубе барои мутолиа ва аз бар намудани осори ниёгон истифода барем.

 Умедҷон Юнусалиев – донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи рӯзноманигори телевизион, назару андешаҳои худро нисбати иштирок дар ин озмун чунин иброз дошт: ман миннатдории хешро ба Сарвари муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки чунин озмунҳоро ба монанди “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ташкил кард, ки ҳар яки мо метавонем дониши худро дар ин замина сайқал дода ба дигарон низ онро пешкаш намоем. Ман ҳангоми иштирок дар ин озмун ба худ як ҷаҳон маъниву таасурот гирифтам ва нақша дорам, ки сазовори ҷойи намоён гардам. Бовари дорам, ки ба ҳадафҳоям мерасам.

Тарғибу ташвиқи фарҳанги мутолиаи китоб тавассути васоити ахбори омма аҳамияти муҳим дорад, вале намунаи зинда дар мисоли падару модар ва ёру бародарон таъсири бештарро дорост ва имрӯз хурсандиовар аст, ки “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” маҳз ба ҳамин мақсад, яъне ба оммавигардонии хониш равона гардидааст.

Маврид ба зикр аст, ки нақш ва мақоми китоб ва китобхона дар байни ҷавонон рӯз аз рӯз афзоиш меёбад. Фаромӯш набояд кард, ки китоб аз гаронбаҳотарин мероси ниёгонамон буда, ба шарофати он насли имрӯзу оянда аз олами тамаддун, маънавиёт, адабиёт ва мактаби бузурги хештаншиносию худогоҳии миллӣ огаҳӣ меёбанд.

Холов БОЗОРБОЙ,

Зафари ШАРИФ – омӯзгорони

МДТ “ ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода”

Чоп кунед