16-уми декабри соли равон дар  МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода филми мустанади “Хиёнат” такроран ба намоиш гузошта шуд, ки онро устодону донишҷӯён ва кормандони муассиса тамошо карданд.            Филми мазкур дар асоси далелҳои раднашаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст. Таҳиягарони филм тавонистаанд, ки ба амалҳои ҳизб ва аъзои хиёнатпешаи он баҳои дуруст ва ҳаққонӣ дода, кирдорҳои нобахшидании роҳбар ва аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ комилан фош карда шудаанд. Тавре аз тамошои филм дармеёбем, фаъолияти ин ҳизби террористӣ аз рӯзи таъсисаш мазмуну мундариҷаи зиддитоҷикӣ дошта, аъзои он дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта даст ба ҷиноят ва амалҳои мудҳиш задаанд.  Ҳамзамон, дар филми мустанади “Хиёнат” таърихи хиёнаткориҳои Ташкилоти террористӣ — экстремистии ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ, амалҳои ғаразнок, олудаи фисқу фасоди сарвари он Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш фош гардидааст. Филми мазкур инъикоскунандаи ҳақиқати таърих буда, симои террористон — хоинони Ватан, бахусус Кабирию тарафдоронашро барҷаста ифода мекунад. Қаҳрамонҳои филм иштирокчиёни бевоситаи воқеаҳои хунини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мебошанд. Тамошои филм бори дигар зоҳиру ботини ин хиёнаткорон, қаллобиву фасодкорӣ ва ҷиноятҳои нобахшидании онҳоро ба ҷомеаи шаҳрвандӣ нишон дод.           Мусаллам аст, ки ноором кардани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, дар хатар андохтани амнияти давлатҳои минтақа, барангехтани кинаю адоват ва низоъ дар байни мардум, паст задани шаъну эътибор ва дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самти асосии пешгирифтаи ин гурӯҳи хиёнатпеша буда, онҳо ягон барномаи дигар, ки ба манфиати мардуми кишвар бошад, надоранд ва манфиатҳои худро аз ҳамаи арзишу идеалҳои ҷамъиятӣ боло мегузоранд.

   Филми “Хиёнат”, ки дар рӯҳияи баланди ватандорӣ ва тарбиявӣ  таҳия гардидааст муборизаҳои мардуми тоҷикро бар зидди душманони миллат, яъне ифрогароёни динӣ, хеле хуб инъикос намудааст ва паёме ба насли ояндасози миллат, яъне насли наврасу ҷавони тоҷик фиристода, таъкид мекунад, ки мо  бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

   Таҳиягарони филм аз ҳақиқати таърих ҳарф зада, тамошобинро ба зиракии сиёсӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ, садоқат ба ватану миллат ҳидоят мекунанд. Манзараҳо ва муҳтавои филм моро ҳушдор медиҳанд, ки аз таърихи миллати худ сабақ омӯзем, ҳаргиз фирефтаи чунин ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгаро нашуда, барои ободтару шукуфо шудани Ватани азизи худ — Тоҷикистони соҳибистиқлол саъю талош намоем.

Муҳаммаднабӣ  МУСОЕВ,
омӯзгори кафедраи технологияи ВАО-и донишкада