Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо ширкати ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандон муаррифии филми ҳунарии “Таъқиб” баргузор  гардид.

Филми ҳунарии “Таъқиб”   аз рӯи асари нависандаи  шинохта  Равшан  Махсумзод  “Лахти ҷигар  дар бағал” таҳия гардида, воқеаи    солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро дар бар мегирад.

Коргардони филми  мазкур  донишҷӯи  курси  2-юми  ихтисоси  режиссёри  филми  бадеии  МДТ  “ДДФСТ  ба  номи  Мирзо Турсунзода”  Шаҳбоз Ҷабборов буда, роҳбари бадеии филм кинорежиссёр,  муаллими  калони  кафедраи  режиссура  ва  продюсерии донишкада  Саидҷон  Қодиров  мебошад.

Бояд зикр намуд, ки дар  филм перомуни рӯзгори як  оилаи  тоҷик, ки ҳамон солҳо аз дарёи  Панҷ  убур  намуда,  ба Афғонистон фирор намудааст, қисса карда мешавад. Қаҳрамонони филм дар кишвари ҳамсояи Афѓонистон ба мушкилоти зиёде, мисли  гуруснагӣ ва  беморию нодорӣ  рӯ ба рӯ гашта, ду фарзанди оила аз олам чашм мепӯшад. Якеро дар Афѓонистон ба хок месупоранд. Падару модар ҳамроҳи фарзанди калонӣ — Билол тасмим мегиранд, ки ба Ватан баргашта, фарзанди дуюми худро дар макони доимиашон дафн  намоянд.

Модари гирёну нолон гардани шавҳарашро гирифта, фиғон мебардорад:

— Во бачаяки ғарибхокам! Ин дарду  аламамро  ба кӣ гӯям, ин сари сахтамро ба кадом гӯри даӽон  во  занам! Биё, ақиб  мегардем, дигар тоқатам  тоқ  шуд. Охир  мо фарзандамонро ба кӣ  партофта меравем? Кӣ сари гӯри ӯ фотиҳа мехонаду хасу хошоки рӯи қабрашро тоза мекунад? Метарсам, ки қабраш дар ин мулки бегона ботил мешавад ва аз бачаҳаки номуродам дар ин дунёи бевафо ному нишоне намемонад. Мефаҳмӣ  ё не?! Мансур, биё пас гардем!

Шавҳараш Мансур  карахт шуда  буд, маҷоли даҳон  кушодан надошт, ин фоҷиа ӯро  аз худ бехуд карда буд.

Онҳоро ҳангоми бозгашт ба Ватан ва то расидан ба сарҳади Тоҷикистон, яъне дарёи Панҷ гурӯҳҳои ҷиноятии силоҳбадаст таъқиб намуданд. Қаҳрамонони филм  чандин маротиба бо марг рӯ ба рӯ гардида, билохира бо додани охирин дороӣ – ангуштари тиллоии модари кӯдакон худро аз банд раҳо карда, бо азобу машаққати зиёд ба манзили доимии зисташон баргаштанд. Шукргузорӣ намуданд, ки дар Тоҷикистон ҳастанду дигар хорию зориро намебинанд.

Филми  мазкур   дар  мавзеъҳои ноҳияҳои сарҳадии Дӯстӣ, Панҷ, Ҷайҳун, қисми  низомии 3502 – и Қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ  ва ноҳияи Варзоб наворбардорӣ  шудааст. Нақшҳои асосиро Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Назирмад Мӯсоев (нақши охирини устод дар санъати кино – пеш аз марг), Ҳунарманди синамо ва театр Мавлона Наҷмиддинова ва ҳунарманди наврас  Абубакр Исоев  бо маҳорати баланд офаридаанд.

 Дилшод  УМАРОВ,

 доктор  (PhD)-и 

факултаи фарҳангшиносӣ