Тайи чанд рӯзи охир дар доираи фестивали байналмилалии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Далатҳои Мустақил» як қатор нишастхои илмиву мастер-классҳо ва ҷамъомаду консертҳои бошукӯҳ бо иштироки олимони маъруфи соҳаи фарҳангшиносӣ, санъатшиносӣ, мусиқинавозону ҳунармандони шинохта аз чумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баргузор гардиданд, ки баҳри устувор нигоҳ доштани муносибатҳо, табодули таҷриба ва пешравии самти фарҳангу санъати давлатҳои иттиҳод заминаҳои калидӣ гузоштанд.

   Вобаста ба ин, шоми 29 октябри соли равон дар толори «Арғунун»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода консерти ҷамъбастии симфонӣ-камеравӣ доир гардид. Дар қисмати ифтитоҳӣ, нахуст, ректори донишкада, профессор Усмонзода Хайридин Усмон меҳмонону ҳозиринро ба консерти ниҳоии фестивал хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки мо инак баъди чанд рӯзи кори фестивали байналмилалӣ барои тақдими диплому туҳфаҳои хотиравӣ ба иштирокдорони он ҷамъ омадаем. Баъдан, бо даъвати олимону профессорони дохилу хориҷ — Константин Курленя, Саида Абдураҳимовна, Камчибек Дюшалиев, Фирӯз Улмасов,  Григорий Бирженюк, Раҷабмад Амиров ва дигарон ба саҳна, маросими супоридани ҷоизаҳо ба иштирокдорони фаъоли фестивал, оғоз гардид. Аз ҷумла, диплому туҳфаҳои хотиравӣ ба Жунушов Рисбек, Кенжеке Эсеналиева, Камчибек Дюшалиев, Гулмира Акматова аз Қирғизистон, Лейла Акшпекова, Баглан Бабижан, Айжан Беккулова аз Қазоқистон ва Полина Тончук,  Наталия Багинская, Валерия Недлина, Александр Марков, Константин Курленя, Марина Дрожина, Марина Дубровская, Григорий Бирженюк аз Россия дар вазъияти тантанавӣ ва бо кафкӯбиҳои бардавоми ҳозирин тақдим карда шуд.

   Сипас, қисмати асосии консерти Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусиқии Фирӯз Баҳор таҳти иҷрои Полина Тончук  шурӯъ гардид. Номбурда аввалан миннатдории хешро ба ташкилкунандагони фестивал баён дошта, зикр намуд, ки ӯ ба шарофати ин чорабинӣ бо бастакорони машҳури Тоҷикистон шинос шуда, аз эҷодиёташон бархӯрдор гардид ва акнун мехоҳад, ки дидаю омӯхтаҳояшро дар Россия ва дигар манотиқи ҷаҳон муаррифӣ намояд. Бо ҳамин тарз, мусиқиҳои бастакорони маъруф — Зулфия Миршакар дар иҷрои Шарофат Усмонова ва мусиқинавоз дар сози фартепиано Нигина Обидова, мусиқии Талабхӯҷа Сатторов дар иҷрои Гарибен Дарико ва мусиқинавоз дар сози фартепиано Нигина Обидова, мусиқии Алишер Солиев дар иҷрои Фарзона Савдаршоева, мусиқии Лола Толис дар иҷрои Шарофат Усмонова ва мусиқинавоз дар сози фартепиано Нигина Обидова, мусиқии Тлабхӯҷа Сатторов дар иҷрои Рафиқа Сангинова, мусиқии А. Ҳамдамов дар иҷрои Марҷона Ҳасанова ва мусиқинавоз дар сози фартепиано Нигина Обидова, мусиқии Толиб Шаҳидӣ дар иҷрои Парасту Саодатова, мусиқии Лола Толис дар иҷрои Шарофат Усмонова ва мусикқинавозон Манучеҳр Раҳимов, Амонӣ Хиромон, Дария Никитина, мусиқии Толиб Шахидӣ дар иҷрои мусиқинавоз дар сози фартепиано Парасту Саодатова ва Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти дирежёрии Далаер Тиллоев ва Алишер Солиев суруду мусиқиҳои ҷаззобу дилкаши классикиро дар сатҳи хеле баланди ҳунарӣ пешниҳод намуданд, ки аз тарафи тамошобинон хуш пазируфта шуд. Бахусус, донишҷӯён дар поёни ҳар як суруду мусиқӣ ба овозхонону мусиқинавозон бо кафкӯбиҳо гул тақдим мекарданд, ки онҳоро ба ваҷд меовард.

   Ҳамин тавр, Фестивали байналмилалии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Далатҳои Мустақил», ки тӯли 3 рӯз дар ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода доир гардид, бо як ҷаҳон бардоштҳои фарҳангӣ — эҷодӣ ва боздид аз мавзеҳои тамошобобу таърихии Тоҷикистони биҳиштосо анҷом пазируфт.

   Ёдовар мешавем, ки фестивали мазкур бо дастгирии Хазинаи байналмилалии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳандозӣ гардида, дар он олимон, мусиқинавозон, устоҳои ҳунарҳои мардумӣ, намояндагони соҳаҳои фарҳанг ва санъати давлатҳои аъзои ИДМ ширкат варзиданд. Умед аст, ки дар оянда низ баргузории чунин фестивалҳои байналмилалӣ зиёд гардида, дар рушди босуботи фазои фарҳангии ИДМ  мусоидат хоҳад кард.

Муҳаммадҷони ФАЙЗИМАД,

донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи

рӯзноманигори телевизион

Чоп кунед