Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯз бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвари азизи мо ҷашнвораву тантанаҳо ва  чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ идома доранд. Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» аз зумраи онҳо ба шумор рафта, на танҳо рӯйдоди фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ, балки чорабинии таърихӣ ва мардумӣ низ мебошад.

   Аз таърихи ин чорабинии муҳим маълум мегардад, ки он бо ташаббуси нависандаи бузурги рус Лев Кассил 26 — уми марти соли 1943 дар шаҳри Маскав, бо ҷалб ва иштироки як гурӯҳ кӯдакону эҷодкорон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, барои рӯҳбаланд сохтани мардум, аз ҷумла кӯдакон таҳти унвони «Ҳафтаи китоби кӯдак» ташкил карда шудааст.  Инак, беш аз 70 сол аст, ки ин ҷашн рӯҳи мардумро болида сохта, дар таблиғи китобу хониш  пайваста нақши бузург мебозад.

   Ин иқдоми созандаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳё намуд. Дар ин замина ҳар сол дар саросари кишвар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мегардад.

   Мақсади асосии фестивал ҷалби насли наврас ба хондани китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

   Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Тараннумгари сухан», ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» дар ҳамкорӣ ва бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардида, 9-уми апрели соли 2020 дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ҷамъбаст гардид, бори дигар соҳибкитобу соҳибтамаддун будани миллати тоҷикро собит намуд.

   Дар чорабинии мазкур муовини аввали  вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода, ректори МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ, директорони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аҳли илму адаб ва доираи васеи донишҷӯёну устодони донишкада ширкат варзиданд.

   Бахшида ба ҷамъбасти фестивал дар толори ороишии донишкада намоиши китобҳо ташкил карда шуда, ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён,  кӯдакону наврасон, адибон ва дӯстдорони китоб онро тамошо кардаанд. Иштирокдорони фестивал бо адабиёти нави соҳаҳои гуногун, аз ҷумла китобҳо барои кӯдакон ошно гардида, адабиёти дилхоҳашонро хариданд.

   Муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ зикр намуд, ки мардуми бофарҳанги кишвар тӯли як ҳафта ҷашни бузурги китоб — Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон»-ро ботантана таҷлил намуданд. Мавсуф китобдорону китобдӯстон ва аҳли илму адаби кишварро бо ин ҷашни зебои китобу китобдӯстон самимона шодбош гуфта, барои эҷоди осори баландмазмун барояшон илҳоми саршор аз меҳри Ватан  ва завқи баланди бадеиро таманно намуд.

   Зимни суханронӣ муовини вазири фарҳанг таъкид намуд, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ баҳри зиёд намудани теъдоди адабиёти бачагона, хоса он асарҳое, ки барои тарбияи кӯдакону наврасони кишвар дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, зебописандӣ, баланд гардонидани завқи бадеии онҳо нақши муассир мебозад, талош варзида,  дар самти рушди адабиёти бачагона ва тарғиби осори баландмазмун барои тарбияи насли ояндасози кишвар, инчунин дастгирии адибони ҷавон саҳми арзандаи худро мегузорад.

   Сипас, ректори МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки китобу китобхонӣ дар рушди маънавии кӯдакону наврасон аҳамияти вижаро молик буда, ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он равона карда шудаанд, ки насли навраси тоҷик ҳамчун ворисони арзандаи ниёгон ба воя расанд ва  дар эъмори ҷомеаи нав нақши арзандаи худро гузоранд. Аз ин рӯ, китобхонӣ бояд шуғли доимии кӯдакону наврасони тоҷик ва ҷузъи муҳимтарини  фарҳанги иттилоотии онҳо бошад. Ба гуфтаи аллома Иқболи Лоҳурӣ:

Баргу сози мо китобу ҳикмат аст.

Ин ду қувват эътибори миллат аст.

   Дар идомаи суханронӣ ректори донишкада аз аҳамият ва арзиши Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат баҳри тарбияи ворисони арзандаи миллат соли дуюм баргузор мегардад, ёдовар шуда, ибрози итминон намуд, ки минбаъд дар ин чорабиниҳо сафи наврасону ҷавонон — дӯстдорони каломи бадеъ ва умуман дӯстдорони китоб беш аз пеш меафзояд.

   Ба андешаи ректори донишкада, нахустин таҷрибаи баргузории Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» собит намуд, ки воқеан мардуми мо, махсусан ҷавонон ташнаи китобу китобхонӣ ва сухани воло ҳастанд. Маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат меҳри китобу китобхонӣ дар қалби насли навраси тоҷик ҷойгоҳи хосса ишғол намуда, ба ин васила меҳру садоқати онҳоро нисбат ба Ватан, модар ва марзу буми аҷдодӣ бештар гардонд.

   Маврид ба таъкид аст, ки дар ҷамъбасти фестивал суруду тарона ва саҳнаҳои ба китобу офарандагони он бахшидаи кӯдакону наврасон ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати тоза бахшид.

   Дар охир Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирокчиёни фаъоли фестивал, аз ҷумла роҳбарияти МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»-ро бо ифтихорнома ва дипломҳо сарфароз гардонд.

 

Зафари ШАРИФ,
мудири кафедраи
китобхонашиносӣ
ва библиографишиносӣ