Рӯзҳои 26 – 29 — уми октябри соли ҷорӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Фестивали байналмилалии «Шарқ – Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии АвруОсиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои мустақил» барпо гардид.

Дар он як қатор  мутахассисони соҳа, аз ҷумла, муовинони ректорҳои донишгоҳу донишкадаҳои санъати Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, беҳтарин олимон, мусиқинавозон, ҳунарпешаҳои театру кино, овозхонҳои  шинохтаи ин кишварҳо   иштирок намуданд. Чорабинии мазкур бо дастгирии Хазинаи байналмилалии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои узви ИДМ амалӣ гардид.

Дар  доираи фестивал дар баробари тадбирҳои дигар се консерт (мусиқии анъанавӣ, сози арғунун ва мусиқии камеравию симфонӣ) намоиш дода шуд.  Ҳамчунин, намоиши ҳунарҳои мардумии кишварҳои иштирокдорони фестивал барпо гардид. Дар баробари ин, конфронси илмӣ – назариявии дар доираи ин чорабинӣ баргузор шуда ба масъалаҳои хусусиятҳои хос ва таъсири мутақобилаи фарҳангҳо, мушкилоти нигоҳдошт ва рушди мусиқӣ, анъанаҳои миллии мусиқӣ дар эҷодиёти бастакорони Авруосиё, ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун унсури ҳифзи муттасили эҷодиёти бадеӣ бахшида шуд.

Дар рӯзҳои чорабинӣ дар ДДФСТ ба  номи Мирзо Турсунзода  ифтитоҳи маркази Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой оид ба равобити  мутақобилаи муассисаҳои таълимӣ сурат гирифт. Дар мавзӯи «Проблемаҳои ҳифз ва рушди анъанаҳои ҳунарҳои мардумӣ» бо иштироки олимони соҳа мизи мудаввар барпо гардид.

Тӯли се рӯз мутахассисони хориҷӣ маърӯзаҳои илмӣ намуда, дарсҳои маҳорат – «мастер – класс»  гузарониданд. Дар рӯзҳои фестивал  консерти арғунуннавозони маъруфи Россия Наталя Багинская ва Лейла Акшперова аз Қазоқистон баргузор шуд, ки ба ҳозирин таассуроти амиқ бахшид. Дар қатори меҳмонон ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Озода  Ашӯрова, Абдувалӣ Абдурашидов ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон Раҳматулло Ҳошимов намунаҳои сурудҳои классикӣ ва анъанавиро манзури иштирокдорони фестивал гардониданд.

Дар хатми фестивал пешниҳод шуд, ки чунин ҳамоиш ҳамасола бонавбат дар кишварҳои иштирокчии он баргузор гардад.

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»