Бо ибтикори факултаи  китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ, 10 декабри соли равон, бо ширкати муовини ректор оид ба таълим Фарҳод Мирахмедов, масъули қисми тарбияи донишкада Қобилҷон Саидов, маъмури хобгоҳи донишҷӯён Абдулҳаким Миралиев, духтури донишкада Зайналобиддин Назаров ва садорати факулта бо волидони донишҷӯён вохӯрӣ баргузор гардид.

Муовини ректор оид ба таълим Фарҳод Мирахмедов  волидони донишҷӯёнро ба донишкада хайрамақдам гуфта, зимнан иброз дошт, ки тарбияи фарзандони Шумо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, тамаддуни ҷаҳонӣ, инсондӯстӣ, риояи анъана ва расму оинҳои миллӣ, эҳтироми устодон ва ҳамсабақон, ба дарсҳо ва корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзидани онҳо дар меҳвари фаъолияти роҳбарияти донишкада қарор дорад.

Дар донишкада гузаронидани вохӯриҳо бо волидони донишҷӯён ба ҳукми анъана даромадааст. Мо ҳар як масъалае, ки ба миён меояд, фавран мавриди баррасӣ қарор дода, дар дафтари қайди суҳбатҳо, бо гирифтани имзои падару модарон ва таърихи гузарондани вохӯрӣ, сабт  менамоем. Ғайр аз ин, бо волидони донишҷӯён дар мавзӯи сари вақт ҳозир нашудани фарзандонашон ба дарсҳо, риоя накардани низомномаи сару либоси донишҷӯӣ ва наовардани лавозимоти дарсӣ ҳам дар донишкада ва ҳам тавассути телефон суҳбатҳо гузаронда мешаванд.

Вохӯрии навбатӣ, ки бо Шумо- падару модарони азиз гузаронда истодаем, маҳз ба ҳамин масъалаҳо рабт мегиранд. Фарзандони Шумо бояд барои дигарон намунаи ибрат бошанд, ба дарсҳо саривақт ҳозир шуда, қоидаҳои дохилидонишкадавиро  риоя кунанд, бо баҳои хубу аъло хонда, ба халқу Ватан содиқона хидмат намоянд. Дар донишкада барои таҳсили онҳо ҳамагуна шароити зарурӣ  муҳайё гардидааст.

Қобилҷон Саидов тазаккур дод, ки дар донишкада перомуни мавзӯъҳои тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани духтарон, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд, мунтазам суҳбату вохӯриҳо гузаронда мешаванд.

Духтури донишкада  З. Назаров дар вохӯрӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус маълумот дода, гуфт, ки дар ин самт дар донишкада тадбирҳои амалӣ андешида шудаанд. Дастаи дарҳои ҳуҷраҳои корӣ, синфхонаҳо ва утоқҳои ёрирасон ҳамарӯза бо маҳлули гипохлориди 5% безарар гардонда мешаванд. Дастони кормандон, устодон, донишҷӯён ва меҳмонон бо маҳлули антисептикии 95% пайваста тоза карда шуда, ҳарорати бадани онҳо санҷида мешавад.

Дар чорабинии мазкур масъалаҳои муҳим, аз ҷумла риояи тартибу интизом дар хобгоҳ, тарзи либоспӯшӣ, одоби сухан,  риояи ҳолати санитарӣ ва гигиенӣ дар хобгоҳ таҳлилу баррасӣ гардид.

Декани факултаи  китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Зафари Шариф вохӯриро ҷамъбаст намуда, аз волидони донишҷӯён даъват ба амал овард, ки фарзандонашонро ба донишандӯзӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ талқин намоянд. Зикр сохт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллиамон осон гардондааст, рӯ овардан ба китоб ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди ҷомеа шарт ва зарур мебошад. Мавсуф  ба падару модарони донишҷӯён муроҷиат намуда, гуфт: “Кӯшиш намоед, ки фарзандонатон бештар китоб хонанд. Зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Зафари Шариф зикр сохт, ки бо Амри Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли дуюм аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад.  Ҳадафи асосии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар мебошад.

Аз ин рӯ, бо мақсади ҷалби бештари донишҷӯён ба китобу китобхонӣ  садорати факулта тасмим гирифтааст, ки дар факулта баъд аз соли нави мелодӣ озмуни “Китобхони беҳтарин” — ро баргузор намояд. Ғолибони озмун сазовори туҳфаҳои хотиравӣ хоҳанд гашт. Аз волидони донишҷӯён ҳоҳиш намуд, ки барои иштироки фаъолонаи фарзандонашон дар ин озмун мусоидат намоянд.

Нилуфар РАВШАНОВА,

омӯзгор