Дар Муассисаи давлатии таълимии  «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба Рӯзи фарҳанг конференсияи илмӣ-назариявӣ бо унвони «Фарҳанги миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада ва муовини ректори  Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхоҷа Сатторов оид ба тарбия ва эҷод Исмоилов Абдурасул ширкат варзиданд.            Дар оғоз ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи фарҳанг ва Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, барояшон пирӯзиҳои рӯзафзуни касбиро орзу намуд. Мавсуф зикр намуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол зери парчами ваҳдату ҳамбастагӣ, бунёдкорию созандагӣ ва дар партави сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ касб намояд, чунонки ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа дар ин самтҳо бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард.

      Ректори донишкада, инчунин, қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози давлатдории худ то кунун ба фарҳанги миллӣ аҳмияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, дар ин самт корҳои зиёди созанда анҷом додааст. Тадбирҳои андешидаи Пешвои миллат барои тақвияти сатҳи маънавии ҷомеа, тарғибу ташвиқи арзишҳои фарҳангӣ, эҷоду ҳунар ва беҳтар сохтани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ равона гардидааст. Амри мазкур кормандони соҳаи фарҳангро водор месозад, ки иқтидори илмию эҷодии худро ба нафъи кишвар сафарбар намуда, бо эҳсоси ифтихормандӣ дар рушди давлати соҳибистиқлоламон саҳм гузоранд.

      Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат бо омезиши ҷаҳонбиниҳои мухталиф, тафаккури арзишманду пешрафта фазои устувори сиёсӣ ва маънавию фарҳангӣ фароҳам омадааст, ки ба муттаҳидсозии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад. Ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саъю талоши хирадмандонаи Пешвои миллат аҳли фарҳангу ҳунари мамлакат бо дарки амиқи масъулият тамоми неруи эҷодии хешро баҳри рушди минбаъдаи ҳаёти фарҳангии ҷомеа, ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ, ғанӣ гардондани дунёи ботинии шаҳрвандон, шинохти таърихи гузаштаву имрӯза ва таҳкими эҳсоси худшиносию ватанпарастӣ равона намуда, дар татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои созандаву бунёдгаронаи миллӣ нақши бориз мегузорад.

     Дар конференсия устодон Махсудзода Фарҳод. – н.и.п.,  дотсент дар мавзуи «Ҷаҳонишавӣ ва масъалаҳои фарҳангӣ миллӣ», Хайруллозода Баҳрулло. – н.и.п., дотсент дар мавзуи «Фарҳаг – омили устувории ахлоқи башарӣ», Аминӣ Алишер. – н.и.ф., дотсент, дар мавзуи «Ҷаҳонишавии фарҳанг ва таъсири паёмадҳои он ба ҳувияти миллӣ», Саидов  Қобилҷон. – муаллими калон дар мавзуи «Рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар даврони истиқлол», Раҳмонов Абдусаттор. – н.и.п., дотсент дар мавзуи «Мукаммалгардонии муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ тавсссути технологияи иҷтимоӣ-фарҳангӣ»,  Фозилов Комрон. – муаллими калон дар мавзуи «Нақши дипломатияи фарҳангӣ дар сиёсати хориҷии кишварҳо» ва Нурматзода Ҳасан . – н.и.т., дотсент дар мавзуи «Рушди соҳаи осорхонашиносӣ дар даврони истиқлол» маърузаҳои илмии худро ироа намуда, дар атрофи мавзуи конференсия фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуданд.

      Дар умум, маърузаҳои илмии зиёде аз ҷониби иштирокдорон ироа гардида, миёни онҳо ва ҳозирин табодули афкори судманд сурат гирифт.

Зафари ШАРИФ,

декани факултети китобдорӣ

 ва иттилоотшиносии МДТ

 «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»