Санаи 21-уми апрели соли 2022 бахшид ба ҳафтаи илм дар кафедраи фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносӣ конфренсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Фарҳанг шиносномаи миллат аст” баргузор гардид. Дар конфренсия устодони кафедра дар мавзӯҳои гуногун аз ҷумла “Некоторые вопросы финансирования системы образования Республики Таджикистан”,  “Масъалаи омода намудани мутахассисони соҳаи фарҳанг ва осорхона дар МДТ “ДДФСТ ба номи М, Турсунзода”, “Афкори осорхонашиносии тоҷик дар даврони истиқлол”, “Ҳифз ва тармими ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар даврони истиқлол”, “Ваҳдати миллии тоҷикон – падидаи тамаддунофар”, Таҷлили ҷашни наврӯз ва аҳамияти тарбиявии он”, Нақши осорхонаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ дар гирдоварӣ, ҳифз ва муаррифии ҳунарҳои мардумии ҳалқи тоҷик”, “Раванди ҷаҳонишавии фарҳанг ва таъсири он ба фарҳанги миллӣ” ва ғайра маърӯзаҳои илмӣ қироат намуданд. Ҳамчунин дар конфренсия донишҷӯёни ихтисоси фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносӣ иштирок намуда, аз маърӯзаҳои устодон баҳра гирифтанд.