Имрӯз бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар толори  “Арғунун”-и Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи  давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода “  дар мавзуи  “Фарҳанг — кафолати ваҳдати миллист” дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, вазири пешини фарҳанги Ҷумҳури Тоҷикистон  Орумбек Шамсиддинзода, раиси Шӯрои собиқадорони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов, чеҳраҳои саршиноси соҳаҳои фарҳангу санъати кишвар, ва устодону донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд.

   Ҳамоишро  ректори Муассисаи давлатии таълими “Донишкадаи  давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода “, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Мавсуф нақши Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва дар амал татбиқ намудани дастурҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим арзёбӣ намуда, риштаи суханро ба раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  Рудобаи Мукаррам дод.

   Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  аз роҳи тӯлонӣ ва пурмашаққати  расидан ба ваҳдати миллӣ ва ин рӯзҳои осоишта, саҳми Пешвои миллат дар истиқрори  сулҳ, вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат, намояндагони фарҳангу ҳунар ва ҷавонон дар корҳои ободонии кишвар суханронии пурмуҳтаво намуд. Мавсуф нақши фарҳангиён ва аҳли ҳунарро дар пойдор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи сартосарӣ муассир хонд.

   Вазири пешини фарҳанги Ҷумҳури Тоҷикистон  Орумбек Шамсиддинзода зикр намуд, ки мардуми сарбаланди кишвар дар таҳкими ваҳдати миллӣ, мустаҳкам гардонидани пояҳои Истиқлоли давлатӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ азму иродаи қавӣ зоҳир менамоянд. Дар ин росто, аҳли фарҳанг ҳамеша пешсаф буда, дар тарбияи фарҳанги сиёсӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллии ҳар як  сокини кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

   Раиси Шӯрои собиқадорони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов аз таҳаввулоту ҳодисаҳо ва роҳҳои расидан ба ваҳдати миллӣ ёдовар шуд, ки шоҳиди бевостаи даврони аввали соҳибистиқлолӣ мебошад. Ғайбулло Афзалов гиромӣ доштани ваҳдати миллӣ, қадр намудани суботу амният ва ифтихор намудан аз Истиқлоли давлатиро,  пеш аз ҳама, вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд номида, фарҳангиёнро дар ин роҳи пуршараф парчамбардору тарбиятгари насли созанда унвон намуд.

   Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ моро вазифадор месозанд, ки ба тарбияи ҷавонон бештар диққат диҳем. Аз ҷумла, таъкиди мазкури Пешвои миллат — «Насли ҷавон, ки ояндаи Ватан ва неруи бузурги кишвар мебошанд, бояд роҳи дурустро дар зиндагӣ интихоб намоянд ва барои ободу шукуфо кардани Меҳани аҷдодӣ талош варзанд», — бояд шиори раҳнамунсози ҷавонон бошад.

   Баъд аз суханрониҳо ва мулоқотҳои судманд аз тарафи раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон як қатор устодону кормадони донишкада барои саҳми арзанда гузоштан дар таҳкими ваҳдати миллӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тақвияти ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, густариши фарҳангу маърифат ва ҳамкориҳои судманд бо Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба ифтихори 25-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бо сипосномаи Кумита сарфароз гардонида шуданд.

   Дар охир ҳамчун армуғони фарҳангӣ барномаи ҷолиби консертӣ аз тарафи устодону донишҷӯёни донишкада ба меҳмонон ва иштирокдорони ҷорабинӣ пешкаш карда шуд, ки фарогири сурудҳои ватандӯстӣ ва оҳангҳои миллӣ буд.

Сино ҚУДРАТОВ

[metaslider id=5685]