28 октябр Конфренсияи илмӣ- амалии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  дар сатҳи баланди илмӣ идома ёфт.

   Конфронси илмӣ-амалӣ бо иштироки доираи васеи олимони маъруфи соҳаи фарҳангу санъат, аз ҷумла ҳунармандони болаёқат аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон доир гардид.

   Дар оғози конфронс Қарабоев У. Х., доктори илми фалсафа, профессори Институти миллии ҳунар ва дизайни ба номи Камолиддин Беҳзоди Академияи ҳунарҳои Ӯзбекистон дар мавзӯи  “Санъат ва ҳунарҳои Ӯзбекистон: масъалаҳои эҳё ва рушд” суханронӣ намуд. Ӯ зикр кард, ки фарҳанги Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бисёр монандиҳо доранд ва махсусан, дар санъати суннатии мардуми тоҷик бисёр унсурҳое ҳастанд, ки айнан дар санъати анъанавии мардуми ӯзбек ба назар мерасанд. Дар гӯишҳо низ баъзе калимаҳо ҳам аз ҷиҳати мазмун ва ҳам аз ҷиҳати шакл монанд ҳастанд. Масалан, калимаи сӯзанӣ, ҳунар, раҳмат ва монанди инҳо. Қарабоев У. ҷанбаҳои асосии санъат ва ҳунари Ҷумҳурии Ӯзбекистонро баррасӣ намуда, зимнан аз баъзе умумиятҳои санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ёдовар шуд ва ҷонибдории худашро ҷиҳати густариши робитаҳои ин ду фарҳанги ғанӣ иброз намуд.

   Шахсияти маъруф Бирженюк Г. М., доктори илми фарҳангшиносӣ, номзади илми педагогӣ, мудири кафедраи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва техникии Донишгоҳи гуманитарии иттифоқҳои касабаи Санкт-Петербург дар мавзӯи   “Ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати фарҳангӣ” суханронӣ намуд. Ӯ афзалиятҳои сиёсати фарҳангиро ба риштаи таҳқиқ кашида, аз ҷумла иброз дошт, ки бояд давлатҳо, пеш аз ҳама, сиёсати фарҳангиро дуруст ҷорӣ намоянд. Зеро фарҳанг рӯҳу равони давлатҳо буда, аз ҳар ҷиҳат онҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Бисёри мардум мехоҳанд фарҳангашонро ҳифз кунанд ё ба таъбири дигар ифода намоем, фарҳангҳо метавонанд ҳифз гарданд ва ё иваз шудан гиранд, аммо ба андешаи ман, ҳарду ҳам ҷанбаҳои манфӣ доранд. Чун ки ҳифз намудани фарҳанг барои рушди минбаъдаи фарҳанг монеъ мешавад ва иваз шудани фарҳанг ба тадриҷ мардумро аз ҳадди худшиносӣ дур мекунад. Бинобар ин, лозим аст, ки сиёсати фарҳангӣ оқилона ва дуруст роҳандозӣ шавад. Ҳамчунин,  Бирженюк Г. М.  бо овардани далелҳои зиёд таъкид намуд, ки бояд сиёсати фарҳангӣ дар меҳвари  сиёсати давлатҳо қарор гирад ва ба ин сиёсат афзалият дода шавад.

   Додихудоева Л. Н., доктори илми таърих, номзади илми санъатшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи этнографии Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи А. Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзӯи “Таҷрибаи эҷодии оилаҳои ҳунарманд дар Тоҷикистон: дигаргунсозии шаклҳо ва вазифаи онҳо дар ҷомеаи муосир” суханронӣ намуд. Аз суханронии ӯ бармеояд, ки дарвоқеъ тоҷикон мардуми фарҳангӣ буда, ҳунарҳои мардумиро ҳамаҷониба густариш медиҳанд. Додихудоева Л. тавассути слайтҳо бисёр офаридаҳои нодири ҳунармандони тоҷикро ба иштирокдорони конфронс нишон дода, ба ин васила исбот намуд, ки ҳисси зебоипарстии сокинони ноҳияҳои дурдасти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле баланд буда, ҳамчун ҳунармандони моҳир низ дар ақсои олам шинохта шудаанд.

   Полякова Е. А., доктори илми таърих, дотсент, профессори кафедраи музейшиносӣ ва сайёҳии Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой, дар мавзӯи “Ҳунарҳои мардумии анъанавии халқи руси кишвари Олтой: гузашта ва имрӯз” суханронӣ намуд. Аз маърӯзаи илмии Полякова Е. бармеояд, ки фарҳанги кишвари Олтой хеле ғанӣ буда, дар ин кишвар фарҳангҳои гуногун доман густурдаанд. Ӯ дар қиёс гузашта ва ҳозираи фарҳанги мардуми руси ин кишварро мавриди таҳлил қарор дода, ҳамчун далели илмӣ намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумиро тавассути слайт пешкаши иштирокдорони конфронс гардонд.

   Раҳимов С. Х., доктори илми фалсафа, профессор, мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ  дар мавзӯи “Фалсафа ва мусиқӣ: ҷанбаҳои умумӣ” — ро ба риштаи таҳлил кашид. Ӯ ба тадқиқ фалсафа ва мусиқиро муқоиса намуда, ҷанбаҳои умумии онҳоро муайян намуд. Ба ақидаи ӯ, дар таркиби мусиқии асил бештар муҳаббат ва фалсафа ҳаст. Агар дар мусиқӣ муҳаббат ва ҳикмат вуҷуд надошта бошад, моҳияти аслии худашро аз даст медиҳад. Ҳамчунин, Саъдулло Раҳимов аз насли ҷавон изҳори нигаронӣ намуд, ки онҳо на ба мусиқии муосир майл доранд ва на ба фалсафа. Ба ақидаи ӯ, сабаби асосӣ дар он аст, ки диққати ҷавонон бештар ба наворҳо (клипҳо) ҷалб гардидааст. Зимнан ӯ ҷиҳати дилгарм кардани насли наврас ба мусиқии асил ва фалсафа чанд пешниҳоди мушаххас намуд ва аз доираи васеи донишмандон даъват ба амал овард, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд.

   Ҳамчунин, дар ин конфронс Дрожжина М. Н., доктори илми санъатшиносӣ, профессори Консерваторияи давлатии Новосибирск ба номи М. И. Глинки, Недлина В. Е., номзади илми санъатшиносӣ, омӯзгори калони кафедраи мусиқишиносӣ ва композитории Консерваторияи миллии Қазоқистон ба номи Қурманғазӣ ва Бегматов С. М., номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор, директори генералии Муассисаи давлатии “Маркази миллии санъати Мақоми Ӯзбекистон”  дар мавзӯҳои гуногун суханронӣ намуданд.

   Воқеан, фарҳанг ифодагари оромонҳои миллату давлат буда, мисли пулест, ки миллату халқиятҳои гуногунро ба ҳам мепайвандад.

                   Муллоаҳмадшоҳ  ЧУРҒОСИЕВ,

мудири шуъбаи магистратура, 

аспирантура ва доктор (PhD)

[metaslider id=1898]