29-уми июни соли 2021 дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботии Ташкилоти  ибтидоии   ҳизбии «Оламафрӯз» — и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки мудири шуъбаи умумии Дастгоҳи марказии ҲХДТ Дилбар Абдураҳмонова, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Руқия Амробекова ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зарина  Файзуллозода баргузор гардид.

Маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботиро раиси Ташкилоти  ибтидоии   ҳизбии «Оламафрӯз», ректори МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”, доктори илмҳои филолоғӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ифтитоҳ намуда, оид ба ҷамъбасти фаъолияти Ташкилоти  ибтидоии   ҳизбии «Оламафрӯз» аз моҳи июни соли 2020 то моҳи июни соли 2021 маълумоти муфассал ироа намуд. Мавсуф иброз дошт, ки Ташкилоти  ибтидоии   ҳизбии «Оламафрӯз» фаъолияти худро дар асоси дастуру  ҳидоятҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки шиори он «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» мебошад, ба роҳ монда, дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.  Дар давраи ҳисоботӣ аъзои ҳизб дар чорабиниҳои аҳамияти муҳимми сиёсӣ ва фарҳангидошта, аз ҷумла интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 29 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иди байналмилалии Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Зикр гардид, ки Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» дар ҳамкорӣ бо кафедраи фанҳои ҷомеашиносии донишкада силсилаи чорабиниҳоро дар мавзӯъҳои «Нақши Пешвои миллат дар бунёди давлатдории миллӣ», «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!», «Конститутсия-бахтномаи миллат» баргузор намуд. Гузашта аз ин, аъзои ҳизб дар аксияи «Ҷавонони соҳибистеъдод пайрави Пешвои миллат», ки дар саҳни донишкада баргузор гардид, саҳми арзанда гузоштанд. Дар аксияи мазкур дастаҳои ҳунарӣ ва омӯзгорон низ  бо номераҳои ҷолиби консертӣ ҳунарнамоӣ карданд.

Ба гуфтаи Муҳриддин Низомӣ дар давраи ҳисоботӣ 90 нафар аз ҳисоби омӯзгорони донишкада бо аризаи шахсиашон ба сафи ҳизб шомил гардиданд. Алҳол теъдоди аъзои ташкилоти ибтидоӣ 279 нафарро ташкил медиҳад, ки дар ин миён 80 нафар донишҷӯ ва боқимонда устодон мебошанд. Дар оянда ташкилоти ибтидоии «Оламафрӯз» нақша дорад, ки сафи аъзояшро аз ҳисоби кормандони ҷавон ва фаъоли донишкада афзун намуда, дар тарғиби сиёсати фарҳангии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошанд.

Сипас, котиби Ташкилоти  ибтидоии   ҳизбии «Оламафрӯз» Бозор Сайфуллозода дар бораи рафти татбиқи қарор ва нақша-чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дода, зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар доираи татбиқи нақша — чорабиниҳо дар байни омӯзгорон, донишҷӯён ва аъзои ҳизб омӯзиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон васеъ ба роҳ  монда шуд. Аъзои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» дар конференсияи солонаи  донишкада бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои гуногуни кори конференсия маърӯзаҳо пешниҳод намуданд. Бо ибтикори раёсати донишкада дар ҳамаи факултаҳо тамошои филмҳои ҳуҷҷатӣ бахшида ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба роҳ монда шуд. Ҳамзамон, дар донишкада бо унвони «Ширу-шакар» бо намояндагони фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангӣ роҳандозӣ гардиданд.

Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии донишкада Лутфулло Ниёзов перомуни мавзӯи “Таҳлили фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар самти нишон додани вокунишҳо ва пешбурди корҳои таблиғотӣ ва иттилоотӣ” ибрози назар намуда, зимнан тазаккур дод, ки фаъолияти гурӯҳи таҳлилӣ аз ҳисоби аъзои ҳизб дар назди Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» васеъ ба роҳ монда шуд. Мақсади он, пеш аз ҳама, ҷонибдории сиёсати дурандешона ва созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пайравӣ ба расму оинҳои барои мо бегона, вокуниш ба матолиби муғризона ва беасоси шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайра мебошад. Бар пояи иттилои ӯ, аз моҳи июни соли 2020 то имрӯз аз ҷониби гурӯҳи таҳлилӣ зиёда аз 100 вокуниш ва мақолаҳои таҳлилию оммавӣ навишта шуда, дар сомонаи донишкада ва дигар сомонаҳои иҷтимоӣ ба нашр расонда шудаанд.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ, инчунин як қатор мавзӯъҳои муҳимми дигар матраҳ гардида, баъдан фаъолияти Ташкилоти  ибтидоии   ҳизбии «Оламафрӯз» қаноатбахш ҳисобида шуд.

Дар охири ҷаласа аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зарина  Файзуллозода ба чанд нафар аъзои фаъоли Ташкилоти  ибтидоии   ҳизбии «Оламафрӯз»  Сипоснома тақдим гардид.

Додоҷон РӮЗИЕВ