Бо  чунин унвон  санаи 4-уми сентябри соли 2019  дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  мизи мудаввар бахшида ба ҷашни 28- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва «Рӯзи китоб» дар факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ бо ташаббуси кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ баргузор гардид.  Дар мизи мудаввар  Ғуломзода Қурбон — Сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатии  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Мирахмедов Фарҳод — муовини ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода оид ба таълим, Нарзуллоев  Баҳрулло – муовини ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода оид ба корҳои эҷодӣ,  Маҳмудов Гадобег — муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон,     Сафарзода  Ҳусейн  – Директори китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар иштирок ва суханронӣ намуданд.  Мизи мудавваро  декани факултет Бозорбой Холов бо сухани  ифтитоҳи ҳусни  оғоз бахшид,   ки дар он зиёда аз 82 нафар донишҷӯён ва омӯзгорони факултет ширкат варзиданд.

    Мирахмедов Фарҳод табрикоти ректори донишкада  профессор Усмонзода  Хайридин Усмон  ва  Ғуломзода  Қурбон  табрикоти  Вазири фарҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддинро ба самъи ҳозирин расониданд.

Дар ҷамъомад устодон Т. Назаров, М. Мамадазимова, С. Абдумуминзода низ андешаҳояшонро баён намуданд.

    Дар анҷом доир ба мавзӯи баррасигардида  саволу  ҷавобҳо доир гардид. Мизи мудавваро мудири  кафедра  Зафари Шариф бо хулосаҳои дақиқ ҷамбаст намуд.

 

Мудири кафедраи китобхоншиносӣ

                                                                ва библиографишиносии ДДФСТ

                                                                           ба номи М. Турсунзода

                                                                                   Зафари Шариф