Воқеан, агар фаъолияти методии китобхонаҳоро ҳамчун фишанги тавоно барои такомули фаъолияти китобдорӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии китобдорӣ – иттилоотӣ ба истифодабарандагон арзёбӣ намоем, пас дар шароити воридоти технологияи муосири иттилоотӣ ва ҷаҳоншавии фазои иттилоотӣ на танҳо зарурати беш аз пеши фаъолияти методии китобхонаҳо, балки ниёз ба баланд бардоштани сатҳу сифат, инчунин, гуногунҷабҳагии чунин фаъолият баръало эҳсос мегардад. Аз ин ҷониб баҳри беҳтарнамоии фаъолияти таълимии донишҷуёни факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ аз ҷониби омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» Шосаизода Сафар Ҳасан ва Зафари Шариф зери назари доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин дастури таълимӣ бо унвони «Фаъолияти инноватсионӣ – методии китобхона» нашр гардид.
Дастури таълимӣ аз се бахш иборат буда, дар бахши аввал масъалаҳои марбут ба моҳияти фаъолияти инноватсионӣ – методӣ дар соҳаи китобдорӣ, фаъолияти инноватсионӣ – методӣ ҳамчун раванди идоракунии дигаргуниҳо ва инноватсияҳои китобдорӣ инъикос гардидаанд. Бахши дувум ба омӯзиши масъалаҳои фаъолияти методии китобхонаҳо дар Тоҷикистон, ташаккул, марҳилаҳои рушд ва самтҳои асосии фаъолияти методии китобхонаҳо бахшида шудааст. Бахши сеюм масъалаҳои таъминоти заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва дурнамои рушди фаъолияти инноватсионӣ – методӣ китобхонаҳои ҷумҳуриро дар бар гирифтааст.
Дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои ташаккул, таъминоти меъёрии ҳуқуқӣ ва дурнамои рушди фаъолияти инноватсионӣ – методӣ дар соҳаи китобдорӣ маълумот медиҳад.
Дастури таълимӣ ба донишҷӯёну омӯзгорон ва муҳаққиқону мутахассиосони соҳаи китобдорӣ пешниҳод мегардад.
Наботов ШАРИФ,
муовини декани факултаи
китобдорӣ ва иттилоотшиносии
МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»