Сухани табрикии ректори МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филолгӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ба ифтихори Рӯзи Фалак

Омӯзгорони арҷманд, шогирдони азиз!

    16 ноябри соли 2001 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд, ки имрӯзҳо дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ  ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2004 ба ин сӯ ҳамасола 10 октябр ҳамчун «Рӯзи Фалак» ҷашн гирифта мешавад. Ин тадбир барои худшиносии миллӣ, рушди ин жанри мусиқии суннатӣ, эҳё ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва бадеии миллати тоҷик мусоидат мекунад.

         Фалак ҷузъи муҳимми фарҳанги тоҷикон буда, чун жанри мусиқии суннатӣ аз замонҳои хеле куҳан вуҷуд дошт ва бо мурури замон такомул ёфта, хусусиятҳои тоза касб намуд. Фалак эҷодиёти этнографӣ ва жанрҳои гуногуни мусиқии касбиро фаро гирифтааст. Маҳфуми фалак ифодагари осмон, кайҳон, сипеҳру афлок, гардун, гардиши рӯзгор, сарнавишт ва амсоли инҳо мебошад.  Аз ин лиҳоз, имрӯз жанри мусиқии фалак ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҷилову садои дилнишин танинандоз гардидааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  яке аз суханрониҳояшон дар бораи  ин санъати мусиқии мардумӣ чунин иброз дошта буданд:  «Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ аз ҷумлаи беҳтарин мероси мусиқист, ки мо онро барҳақ мусиқии шаклан озод, таҷассуми рӯҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем».

Ёдовар мешавем, ки Фалак ҳамчун мусиқии мардумӣ, фолклорӣ ва  эҷодиёти халқ асосан дар намуди шифоҳӣ аз насл ба насл мерос  мондааст. Ин мусиқии суннатии тоҷик, ки дар худ ҳам мусиқии этнографӣ ва ҳам жанрҳои гуногуни мусиқии касбиро, аз қабили Шашмақом фаро гирифтааст. Танҳо хусусиятҳои шеваҳои иҷрои маҳалҳои гуногун дар матни сурудҳои фалак зиёд ба назар мерасанд ва матнҳои сурудҳо вобаста ба хусусиятҳои фонотекии тарзи гӯиши гуногун таркиб ёфтаанд. Бояд гуфт, ки фалак солҳои 20 — уми  қарни гузашта дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар ҳамбастагӣ рушд менамуд. Ин аст, ки имрӯз, дар матн ва мусиқии он баъзе ҳамоҳангиҳо ба мушоҳида мерасанд. Фалак дар Афғонистон бо номҳои чорбайтӣ, сангардӣ, кӯчабоғӣ, шамолӣ ва шимолӣ маълуму маъруф мебошад. Дар Эрон фалак бо номҳои «фарёд», «фироқӣ», «чорпорӣ», «каллафарёд» машҳур аст. Аз ин тақсимоти фалак аз рӯи моҳият ва мавқеи иҷро маълум мешавад, ки агар фалак дар Эрон аз рӯи моҳияти аслӣ, хусусиятҳои фардӣ  ва маҳаллу тарзи иҷро ба намудҳо ҷудо шавад, пас фалаки Тоҷикистон танҳо аз рӯи маҳалли иҷро табақабандӣ шудааст.

Таърихи фалак хеле куҳан буда, пайдоиши онро пажӯҳишгарон ба қарнҳои IX-X мансуб медонанд. Ба ақидаи муҳаққиқ Қурбони Қурбониён, фалак аз даврони китоби «Авасто», аз замони Борбади Марвазӣ вуҷуд дошт ва аз ҳафт парда иборат буд.

Асосан, пайдоиши фалак аз минтақаи ҷанубу ғарбии кӯҳистони Тоҷикистон сарчашма мегирад. Рушди таърихии фалак шаклҳои гуногуни онро ба вуҷуд овард. Бо мурури замон фалак шохаҳои худро паҳн кард, шаклҳои нав, аз қобили фалаки даштӣ, фалаки роғӣ, фалаки қаландарӣ, фалаки сафарӣ, фалаки равона, фалаки ғарибӣ пайдо шуд, ки ҳар кадоми он бо зарбу усул ва оҳанг аз як дигар фарқ мекунанд. Асоси пайдоиш ва тавлиди фалакҳои номбаршуда аз мақоми фалаки роғӣ сарчашма гирифтанд ва то ба даврони мо омада расидааст. Имрӯз устодони фалаксаро, аз ҷумла Одина  Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Мусаввар Минаков, Сафармуҳаммад Муродов, Тағоймурод Хушвақтов, Давлатманд Холов ва дигаронро на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он мешиносанд ва эътироф мекунанд.

Зикри як нукта муҳим аст, ки Истиқлолияти давлатӣ  ба арзишҳои мардумӣ, хосатан ба Шашмақому Фалак арҷгузорӣ намуд. Дар ин ҷода пажӯҳиши онҳоро низ яке аз масъалаҳои муҳимтарини илмҳои санъатшиносии муосир маҳсуб донист. Айни ҳол, таваҷҷуҳ ба Фалак чун намунаи ҳунари волои мардумӣ хеле афзудааст. Аз ҷумла, доктори илмҳои мусиқишиносӣ Фароғат Азизӣ ба Шашмақом чун намунаи мусиқии эҷодию анъанавии миллӣ таваҷҷуҳ намуда, онро ҳамчун қуллаи баландтарини мусиқии суннатии тоҷикон қаламдод менамояд.  Композитори зиндаёд Талабхуҷа Сатторов  бошад, решаҳои Фалак ва пайдоиши онро аз анъанаҳои аҷдодии қадимаи мо, аз замони Зардушт ва ватани онро Осиёи Миёна медонад.

 Имрӯзҳо анъанаи эҷодию иҷроии фалаксароӣ дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов мавриди тадрису омӯзиш қарор гирифта, устодону донандагони мардумии ин жанри шеърию мусиқии халқамон ба донишҷӯён нозукиҳои онро меомӯзонанд.

Баҳри арҷгузорӣ ба ин мусиқии ниёгон имрӯзҳо нишастҳои илмиву амалӣ, симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ, силсилаи барномаҳои консертӣ дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардида, омӯзиш ва пажӯҳиши ин жанр дар бахши махсус мавриди назар қарор дода шудааст. Бовар дорем, ки ин ҳама дар таҳким ва рушди фалак чун жанри мусиқии суннатӣ нақши бориз мегузоранд.