8-уми октябри соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба Рӯзи Фалак бо иштироки ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён, кормандон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма таҳти унвони “Рози Фалак” ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, андешаҳояшро перомуни таърихи пайдоиши ин мусиқии нодири мардумӣ, ривоҷу равнақи он дар даврони соҳибистиқлолӣ ва шаклҳои мухталифи фалак маълумот ироа намуд. Зикр гардид, ки фалак ҷузъи бостонии фарҳанги тоҷикон буда, чун жанри мусиқии суннатӣ аз замонҳои хеле куҳан вуҷуд дошт ва бо мурури замон такомул ёфта, хусусиятҳои тоза касб намуд. Маҳфуми фалак ифодагари осмон, кайҳон, сипеҳру афлок, гардун, гардиши рӯзгор, сарнавишт ва амсоли инҳо мебошад. Аз ин лиҳоз, имрӯз жанри мусиқии фалак ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҷилову садои дилнишин танинандоз гардидааст. Ректори донишкада ёдовар шуд, ки пайдоиши фалак аз минтақаи ҷанубу ғарбии кӯҳистони Тоҷикистон сарчашма мегирад. Бо мурури замон шаклҳои нави он, аз қабили фалаки даштӣ, фалаки роғӣ, фалаки қаландарӣ, фалаки сафарӣ, фалаки равона, фалаки ғарибӣ пайдо шуданд, ки ҳар кадоми онҳо бо зарбу усул ва оҳанг аз як дигар фарқ мекунанд. Асоси пайдоиш ва тавлиди фалакҳои номбаршуда аз мақоми фалаки роғӣ сарчашма гирифта, то ба даврони мо омада расидаанд.
Бояд гуфт, ки фалак солҳои 20 — уми қарни гузашта дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар ҳамбастагӣ рушд менамуд. Ин аст, ки имрӯз дар матн ва мусиқии он баъзе ҳамоҳангиҳо ба мушоҳида мерасанд. Фалак дар Афғонистон бо номҳои чорбайтӣ, сангардӣ, кӯчабоғӣ, шамолӣ ва шимолӣ маълуму маъруф мебошад. Дар Эрон фалак бо номҳои «фарёд», «фироқӣ», «чорпорӣ», «каллафарёд» маълуму машҳур аст. Аз ин тақсимоти фалак аз рӯи моҳият ва мавқеи иҷрои он маълум мешавад, ки агар фалак дар Эрон аз рӯи моҳияти аслӣ, хусусиятҳои фардӣ ва маҳаллу тарзи иҷро ба намудҳо ҷудо шавад, пас фалаки Тоҷикистон танҳо аз рӯи маҳалли иҷро табақабандӣ шудааст.
Таъкид ба амал омад, ки бо заҳмату талошҳои як идда донандагону иҷрокунандагони санъати фалаксароӣ, аз ҷумла Бобохалили Одина, Раҷабмади Валӣ, Мадалии Барот, Карими Шиш, Акашариф Ҷӯраев, Ҳошими Қосим, Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Абдулло Назрӣ, Иброҳим Кобулиев, Мусаввар Минаков, Мамадато Таваллоев, Наврӯзшоҳ Қурбонҳусейнов, Моҷон Назардодова, Нусайрӣ Одинаев, Ҳаким Маҳмудов, Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманди Хол, Сафармуҳаммад Муродов, Дона Баҳром, Аслия Искандарова, Панҷшанбе Ҷорӯбов ва дигарон дар асри сипаригашта ва замони мо мусиқии фалак ривоҷу равнақ ёфт ва ниҳоят ҷаҳонӣ шуд.
Ин мусиқии нодири мардуми тоҷик 15 -уми декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж тариқи онлайн баргузор гардид, ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид шуд. Иқдоми мазкур ҷиҳати ҳифз ва оммавӣ намудани мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 — уми ноябри соли 2001 ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд. Инчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 — уми августи соли 2007 ҳар сол дар саросари кишвар 10 — уми октябр ҳамчун Рӯзи Фалак бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Ин тадбир барои худшиносии миллӣ, рушди ин жанри мусиқии суннатӣ, эҳё ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва бадеии миллати тоҷик мусоидат мекунад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон дар бораи ин санъати мусиқии мардумӣ чунин иброз дошта буданд: «Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ аз ҷумлаи беҳтарин мероси мусиқист, ки мо онро барҳақ мусиқии шаклан озод, таҷассуми рӯҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем».
Композитори зиндаёд Талабхуҷа Сатторов решаҳои фалак ва пайдоиши онро аз анъанаҳои аҷдодии қадимаи мо, аз замони Зардушт ва ватани онро Осиёи Миёна медонад. Мавсуф наътро ҳам яке аз равияҳои фалак номида, тарзҳои иҷрои онро дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсизабон, ҳамчун як намуди ташаккулёфтаи ин жанри суннатӣ ҳисобидааст.
Имрӯзҳо анъанаи эҷодию иҷроии фалаксароӣ дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов мавриди тадрису омӯзиш қарор гирифта, устодону донандагони мардумии ин жанри шеърию мусиқӣ ба донишҷӯён нозукиҳои онро меомӯзонанд.
Баҳри арҷгузорӣ ба ин мусиқии ниёгон имрӯзҳо нишастҳои илмиву амалӣ, симпозиуму конфронсҳо, силсилаи барномаҳои консертӣ дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардида, омӯзиш ва пажӯҳиши ин жанр дар бахши махсус мавриди назар қарор дода шудааст. Бовар дорем, ки ин ҳама дар таҳким ва рушди фалак чун жанри мусиқии суннатӣ нақши бориз мегузоранд. Барномаи ҳунарӣ-фарҳангии омоданамудаи Арбоби ҳунари Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Рустам Воҳидов, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодмон Муҳиддиновро, ки фарогири шеъру ғазал, рубоиёт ва оҳангҳои дилнишини “Фалаки даштӣ”, “Хайрбод”, “”Зи дурӣ”, “Фалак”, “Қасидаи модар”, “Субҳи саҳар”, “Тоҷикистони ман”, “Айби риндон макун” ва “Обутоби дӯстӣ” буд, ҳозирин бо кафкӯбиҳо истиқбол гирифтанд.
Додоҷон РӮЗИЕВ,
Кароматулло ЮСУПОВ