Фалак ҷузъи қавии фарҳанги тоҷикон буда, чун жанри мусиқии суннатӣ аз замонҳои хеле куҳан вуҷуд дошт ва бо мурури замон такомул ёфта, хусусиятҳои тоза касб намуд. Фалак ифодагари осмон, кайҳон, сипеҳру афлок, гардун, гардиши рӯзгор, сарнавишт ва амсоли инҳо мебошад.  Аз ин лиҳоз, имрӯз жанри мусиқии Фалак ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҷилову садои дилнишин танинандоз гардидаасту мегардад.

        Ин нуктаро ректори МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ дар ҳамоише, ки 9 октябр бахшида ба Рӯзи Фалак дар донишкада бо ширкати ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён баргузор гардид, ироа намуд. Мавсуф зикр кард, ки 16 ноябри соли 2001 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд. Ин иқдом барои худшиносии миллӣ, рушди ин жанри мусиқии суннатӣ, эҳё ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва бадеии миллати тоҷик мусоидат мекунад. Ба гуфтаи Пешвои муаззами миллат:  «Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ аз ҷумлаи беҳтарин мероси мусиқист, ки мо онро барҳақ мусиқии шаклан озод, таҷассуми рӯҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем».

Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки таърихи фалак хеле кадима буда, пайдоиши онро пажӯҳишгарон ба қарнҳои IX-X мансуб медонанд ва ба ин назаранд, ки ин жанри мусиқӣ аз замони Борбади Марвазӣ вуҷуд дошт ва аз ҳафт парда иборат буд. Зикр гардид, ки имрӯзҳо анъанаи эҷодию иҷроии фалаксароӣ дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов мавриди тадрису омӯзиш қарор гирифта, устодону муҳаққиқони ин жанри шеърию мусиқии халқамон ба донишҷӯён нозукиҳои онро меомӯзонанд.

Омӯзгори кафедраи сарояндагӣ (халқӣ) Диловар Айдаршозода мавзӯи  «Таърихи пайдоиши мусиқии суннатии Фалак ва рушди он дар даврони соҳибистиқлолӣ»-ро ба риштаи таҳлил кашида, зикр сохт, ки «даврони соҳибистиқлолӣ давраи тиллоии фарҳанги миллӣ ва суннату анъанаҳои  деринаи мардуми тоҷик мебошад, ки эҳёгару муаррифгари халқи фарҳангсолору тамаддунофари  суннатҳои аҷдодии тоҷикон мебошад». Ба андешаи ӯ, Фалак ҳамчун намунаи шигарфи санъати ҳунарӣ аз минтақаҳои ҷанубу ғарбии кӯҳистони Тоҷикистон сарчашма гирифта, бо гузашти замон такмил ёфт ва арзишҳои умумимиллиро дар худ нигоҳ дошт. Аз рӯи қисматбандӣ фалакро ба фалаки даштӣ, фалаки роғӣ, фалаки қаландарӣ, фалаки сафарӣ, фалаки равона, фалаки ғарибиҷудо намудаанд, ки ҳар кадоми он бо зарбу усул ва оҳанг аз якдигар фарқ мекунанд. Асоси пайдоиш ва тавлиди фалакҳои номбаршуда аз мақоми фалаки роғӣ сарчашма гирифта, то ба даврони мо омада расидааст.

Дар фароварди ҳамоиш барномаи ҳунарӣ — фарҳангӣ, ки фарогири шеърҳои «Фалак», «Ватан мегӯям», «Ориёӣ», «Шаҳсавор», ғазалҳои «Гиря кун», «Эй боди сабо», «Фалаки қаландарӣ», «Дафсоз», «Бепарвофалак» ва рақсу оҳангҳои марғуб буд, дар иҷрои устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирин гардонда шуд.

Додоҷон РӮЗИЕВ, муҳаррир,

Шукрона НОЗИМОВА, донишҷӯйи

курси 2-юми шуъбаи драматургияи

факултаи санъати театрӣ