Декани факултет: Зафари Шариф

Барои тамос: ш.Душанбе, хиёбони Борбад 73-а, ошёнаи 3

Тел:  +992 938 06 02 72,  231 24 17

 


Факултаи китобдорӣ  ва иттилоотшиносӣ моҳи сентябри соли 1973 таъсис  ёфта, алҳол дар сохтори ДДФСТ ба номи М. Турсунзода  мақоми хоса дорад. Аксарияти омӯзгорони факултет дорои унвонҳои илмӣ буда, хатмкардаи Донишгоҳҳои фарҳангии шаҳрҳои Москва ва Санкт- Петербург ба ҳисоб мераванд. Факултет дар ҳайати худ  1(як) кафедраи тахассусӣ дорад:

  1. Китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва бойгонишиносӣ

Дар шӯъбаҳои рӯзона ва ѓоибонаи факултет зиёда аз 450 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Алҳол тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ду ихтисос ба роҳ  монда  шудааст:

1-23 01 11-03- китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ

1-23 01 13 01 – бойгонишиносӣ

 Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун марҳилаи сифатан нави ҷомеа барои васеъ гардонидани доираи фаъолияти факултет  мусоидат намуд. Бо шарофати ин рӯйдоди муҳими сиёсӣ имконияти моддӣ ва ақлонию зеҳнии факултет бозҳам фарохтар гардида, дастовардҳои он дар самти омодасозии мутахассисон бештар гардиданд. Бо ширкати омӯзгорони факултет як силсила санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ, таҳқиқи мавзӯъҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, барномаҳои давлатии соҳаи китобдорӣ, аз ҷумла: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию-оммавӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» таҳия гардидааст.

Таълим дар  лабораторияҳои махсус, ки бо техникаи замонавии компютерӣ ва дигар таҷҳизотҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, гузаронида мешаванд. Устодон дар корҳои худ аз технологияи муосири интернетӣ истифода мебаранд.

Дар факултет тайёр намудани мутахассисон аз рӯи низоми бакалавриат, магистратура ва аспирантура ба роҳ монда шудааст.

Чоп кунед