Декани факултет: Саидов Қобилҷон Олимович

Барои тамос: ш. Душанбе, хиёбони Борбад 73 а Бинои 1, ошёнаи 4.

Тел: (+992 37)2312263
(+992)918803300
E-mail:Saidov.1986@mail.ru

 


Факултети Фарҳангшиносӣ

     Факултети фарҳангшиносии Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, яке аз базаҳои асосӣ барои омода кардани  мутахассисони  баландихтисос барои фарҳангу ҳунар мебошад. Факулет соли 1973 бо номи факултети корҳои маданӣ-маърифатӣ ва аз соли 1993 бо унвони факултаи фарҳангшиносӣ фаолият карда истодааст.  Дар ҳайати факултет се кафедра: технологияҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сайёҳӣ, педагогика ва низоми иттилоотӣ дар фарҳанг, кафедраи  фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносӣ фаъолият дорад, ки кадрҳоро аз рӯи ихтисоси «Фарҳангшинос, таҳқиқотчӣ, омӯзгор»,«Кори осорхона ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ», «Менеҷменти фаъолияти иҷтимоӣ-фарангӣ»,«Низоми иттилооти дар фарҳанг ва Менеҷменти робитаҳои фарҳанги байналмилалӣ  тайёр менамояд.  Муҳлати  таҳсил дар ихтисосҳои факултет 4-солро ташкил медиҳад. Таҳсил бо низоми кредитӣ дар шакли рӯзона, ғоибона ва фосилавӣ,таҳсил тариқи квота, шартномавӣ ва буҷавӣ ба роҳ монда шудааст.

  Дар кафедраҳои амалкунанда устодони дорои дараҷа ва унвонҳои илмиву фахрӣ: муаллимони калон, номзадони илм, дотсентон, доктори илм ба таълиму тадриси донишҷӯён машғул мебошанд. Дар факултет барои омода намудани мутахассисон базаи моддӣ-техникӣ, лабораторияи таҳқиқотӣ — сотсиологии фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма, синфхонаҳои муҷаҳазгардондаи таълимӣ муҳайё мебошад.

  Дар факултет 320 нафар донишҷӯ дар бахши рӯзона ва фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Корҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзии  донишҷӯён дар муассисаҳои давлатии «Вазорати фарҳанг, Осорхонаи миллӣ, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», баргузор мегардад.

  Донишҷӯёне, ки соҳиби дипломи  ихтисосҳои  факулта мегарданд, фаъолияти минбаъдаи хешро дар вазорату дастгоҳои иҷроияи ҳокимият, қасрҳои фарҳанг, осохонаҳо, боғҳои фарҳангӣ — фароғатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, бӯстонсаройҳо, клубҳои деҳот, шаҳру ноҳияҳо  ба ҳайси  омӯзгор,  мутахассис ва роҳбалад  фаъолият карда метавонанд.